ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа
Худо мегуфт, ки то баҳор ҷон ба саломат бубуранд.
Аммо баъд ҳодисае рух дод, ки шабеҳи филмҳои ҳолливудӣ буд ва ҳайвонҳои ваҳшӣ дар муқоиса бо он мусичаҳои бегуноҳ буданд.
Шом буду ҳаво сард, беист барфи тар меборид, Фаришта дар ҳуҷраи худ китоб мехонд. Китобҳое, ки Мария ҷо гузошта буд. Бархе китобҳо марбути соҳаи тибб буданд, бархе асарҳои бадеӣ. Фаришта ба истилоҳҳои тиббӣ сарфаҳм намерафт, лекин аммо аз хондан даст намекашид.
Ин дам ҳуши ӯро садое парешон кард, ки аз тарафи дарвоза баланд мешуд, гӯё касе аз сари дарвоза ба ҳавлӣ парид. Ба думболи ин садо дари ҳуҷраи Рашид ҳам боз шуд.
Дар ин мавзеъ садоҳои ваҳшатнок ва фиғони чуғзу бумҳо дар дили шаб ҳодисаи маъмулӣ аст. Аммо ин садо шабеҳи намоди нохушӣ буд, муқаддимаи ҳодисаи нохуше, ки инсон онро қабл аз вуқӯъяш эҳсос мекунад. Ба тани Фаришта рашъа дамид, ӯ оҳиста ба панҷара наздик шуд ва он чӣ дар берун дид, ӯро дар ҷояш қоқ кард. Се марди мусаллаҳи салоҳдор, ки чеҳраашон дар ришу фаш гум буд ва танҳо чашмони хашмгинашон дар торикӣ барқ мезад, мили камонҳои худро ба тарафи Рашид рост карда, талаб доштанд, ки бо онҳо биёяд. Рашид хомӯшона ба онҳо нигоҳ мекард.
-Мо ба ту коре надорем, и қумандонои шумо биродари мора асир гирифтан, унамура озод кунан, мо тура ба уно таслим мекунем.
-Аз куҷо медонӣ, ки командирҳо маро ба бародари ту иваз мекунанд? Ҳеҷ гоҳ ин корро намекунанд, - дар садои Рашид тарсу ҳарос эҳсос намешуд.
-Озод накнунан, ту ҳам дар дасти мо асир мемонӣ, мебаремат ба у тарафи дарё.
-Дар и хона дига кас нест? - ногоҳ пурсид яке аз мусаллаҳон ва рост ба чеҳраи Рашид нигоҳ кард, эҳтимол дар чашмони ӯ ҳаросро дид, ки ба дари бастаи ҳуҷраи духтар як лагади маҳкам зад ва амр кард, ки ин дарро боз кунад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё