МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа
Меҳру сеҳри шеър
электронӣ), чаро ишқи сўзонашро баъди шаш сол ба ёд овардааст? Зиддияти бештар он аст, ки нашри мазкури электронӣ Нурҷаҳонро на зани Ҷаҳонгир, балки ҳамсари писари дуюми ў – Шоҳҷаҳон (бобои Зебуннисо) медонад.
Баракси ин, «История Индии» (М., нашриёти «Наука», 1968, саҳ. 463) ҳамчунин зикр мекунад, ки Шоҳҷаҳон (1628– 1658) баъд аз сари падар ба модарандараш Нурҷаҳон-бегим «ҷогир» (воҳиди маъмурӣ)-и бузурге бахшид ва ў ҳамроҳи духтараш – беваи Шаҳриёр (писари Ҷаҳонгир аз зани аввалаш) он ҷо умр ба сар бурд.
Дар ин ҷо ҷуръати пешниҳоди эҳтимоле мекунем, ки шояд Шерафкан аслан набудааст ва сабаби ба сифати зани ў машҳур гаштани Нуриҷаҳон-бегим байти зерин, мушаххасан ибораи охирини он, шуда бошад:
Нуриҷаҳон гарчи ба сурат занаст,
Дар сафи мардон зани шерафкан аст.
Дар ҳар сурат бетардид он аст, ки Нурҷаҳон-бегим зани зебо, бофаросат ва ҳунарманде будааст. Илова бар талошҳо барои дасту дили ў, гуфтаи зерини худашро далели дигари ҳуснаш метавон овард:
Чу бардорам зи рух бурқаъ, зи гул фарёд бархезад,
Занам бар зулф агар шона, зи сунбул дод бархезад.
Ба ин ҳусну ҷамоли худ чу дар гулшан гузар созам,
Зи ҷони булбулон шўри муборакбод бархезад.
Устод Айнӣ менависад, ки Ҷаҳонгир ба айшу нўш дода шуда, идораи мамлакатро ба занаш Нури Ҷаҳонбегим супурд. Хутба ба номи Ҷаҳонгир бошад ҳам, сикка ба номи Нури Ҷаҳонбегим зада мешуд ва дар муҳри сикка ин байт нақш ёфта буд:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё