Зеҳн
МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Меҳру сеҳри шеър

Нақши паяш чу хома сияҳ шуд зи дуди дил,
Саргарми иштиёқи ту ҳар ҷо, ки по гузошт.

Дарвоқеъ, хатоҳое, ки аз монандии тарзи навишти калимаҳо, омадани нуқоти нобарҷо ё афтидани нуқоти зарурӣ сар задаанд, боз ҳам дучор мешаванд.
Масалан, дар ин байт:

Ашке, ки рухат хона ба тўфон намедиҳад,
Роҳаш ба хеш дидаи гирён намедиҳад.

Шоир ғами бешумору ашки шашқатори хешро ба қалам додааст ва, табиист, ки ашки ў ба «рух»-и касе муносибате надорад. Бешубҳа, шакли дурусти ин калима «рахт» аст ва дар ин ҳолат мақсади шоир ҳам бо ҳама шаҳомат ҳувайдо мешавад:

Ашке, ки рахти хона ба тўфон намедиҳад,
Роҳаш ба хеш дидаи гирён намедиҳад.

Байти дигарро мехонем:

Иксири сайри чашме хоки сияҳ кунад зар,
Ғайрат чу комил афтад, кас бенаво намонад.

«Иксири сайри чашме». Ба чӣ маънист ин ибора? Аввалан, калимоташ миёни ҳам таносубе надоранд. Баъдан, хоки сияҳро чӣ гуна зар мекарданд? Маҳз ҳамин ибора «хоки сияҳро зар кардан» ва боз мисраи дуюм мадад мекунанд, ки асли мақсад ҳосил бишавад. Ба фикри мо, ба ин тариқ аст мисраъ:

Иксири серчашмӣ хоки сияҳ кунад зар…

пешина
аз 323
навбатӣ