МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа
Меҳру сеҳри шеър
Рубоии дигарро мебинем:
Гар аспи бароқ асту агар фирўза,
Мағрур машав ба давлати даҳрўза.
Аз қаҳри фалак ҳеҷ кас ҷон набурд,
Имрўз сабў шикасту фардо – кўза.
Дар мисраи аввал чанд носаҳеҳӣ рафтааст. Манзур ибораи «аспи бароқ» аст, ки маънӣ надорад. Саҳеҳаш буроқ – асп аст ва дар ин ҷо Буроқ – номи аспе, ки тавассуташ Муҳаммад-пайғамбар ба олами улвӣ рафта буд.
«Аспи буроқ», яъне «аспи асп» гуфтан низ бемаънист, аз ин рў, сатри мазкур дар шакли «Гар асп Буроқ асту агар Фирўза» дуруст менамояд. Мантиқан «Фирўза» низ бояд номи чизе бошад фавқулода, он гоҳ мантиқи таъкиди шоир барқарор мешавад, ки «аспат Буроқ ё Фирўза бошад ҳам, бо ин давлати даҳрўза мағрур машав!».
Мавриди назар мисраи сеюм низ ҳаст, ки вазнаш костааст. Агар онро ба шакли асл, яъне ба ҳуруфоти форсӣ бинависем, бозхонии дуруст мумкин мешавад:
Аз қаҳри фалак ҳеч касе ҷон набарад.
Ҳамзамон дар назар медорем, ки ҳиссачаи номуайянии «-е» дар хати форсӣ, махсусан, баъди садонокҳои син, шин, сод, зод хеле фиребо ва иштибоҳангез аст. Зеро саҳле шакли ҳарфро бедиққатона навиштан кофист, ки «кас» «касе»
шавад ё баракс. Дар хусуси калимаи «набарад» бошад, ягон ҷойи шубҳа нест. Аввалан, навишти форсии онро ба ду шакл ҳам хондан мумкин, сониян, вазну оҳанги рубоӣ, махсусан, ифодаи таъкидии «мағрур машав» тақозо мекунад, ки калимаи мазкур «набарад» хонда шавад.
Қоидаҳои тарзи баёнро ба назар нагирифтан низ боиси баъзе носаҳеҳиҳо шудааст, масалан, дар ин рубоӣ:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё