Зеҳн
МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Низом Қосим

Бархез, буто, биёр баҳри дили мо,
Ҳал кун ба ҷамоли хештан мушкили мо.
Як кўза шароб, то ба ҳам нўш кунем,
З-он пеш, ки кўзаҳо кунанд аз гили мо.

Мувофиқи табиату қоидаҳои забони тоҷикӣ, ҷумлаи якуми мисраи сеюм, ки мураккаби тобеъ аст, низ хабар талаб мекунад. Яъне, «Як кўза шароб биёр, то ба ҳам нўш кунем». Вале ба чунин тарзи ифода вазн имконият намедиҳад. Аз ин рў, ба фикри мо, рубоии мазкур дар яке аз нашрҳои донишмандони Эрон, ки дар шуъбаи дастхатҳои Китобхонаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абулқосим
Фирдавсӣ маҳфуз аст, саҳеҳтар мебошад. Дар он нашр рубоии мазкур ба ин сурат омада:

Бархез, буто, биёр барои дили мо,
Ҳал кун ба ҷамоли хештан мушкили мо,
Як кўзаи май биёр, то нўш кунем,
З-он пеш, ки кўзаҳо кунанд аз гили мо.

Қисмати зиёдтари ноқисиҳо аз он сар задааст, ки таносуби сухан – яке аз хусусиятҳои барҷастаю ҷолиби рубоиёти Умари Хайём ва мантиқи одии баён на ҳамеша риоя шудааст. Ин, зоҳиран, аз тартибдиҳанда ҳам вобаста нест, зеро, шояд дар ҳамаи нусхаҳое, ки ўро дастрас будаанд, рубоиҳо ба ҳамин тарз омада бошанд. Бо вуҷуди ин, агар чунин ҷиҳатҳои муҳим аз назари эътибор дур намемонд, тавассути муроҷиат ба доираи васеътари нашри рубоиёти шоир, яъне нусхаҳои бештар, ҳақиқатро, қадре бошад ҳам, барқарор кардан имконпазир мебуд.

Мову маю маъшуқ дар ин кунҷи хароб,
Фориғ зи умеди рафтану биму азоб.
Ҷону дилу ҷому ҷома дар раҳни шароб,
Озод зи хоку боду аз оташу об.

пешина
аз 323
навбатӣ