Зеҳн
МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Меҳру сеҳри шеър

пайванди образҳо ҳосил накунем) маҷбурем онро ба ҳуруфи асл баргардонем ва ба осонӣ биёбем, ки «сўз нест»-у «сўзанест» ба як шакл китобат мешаванд ва ҳамин зоҳирбинӣ мураттибону муҳаррирро ба иштибоҳ андохтааст.
Сониян, аён аст, ки калимаи «дўхтан» ҳам ба ин далолат мекунад.
Давоми ғазали мазкур ҳам ғалатҳо дорад:

Эй дил, ҳадиси дўст беҳ аст аз дури Адан,
Ин нукта гўш кун, ки аз дури Адан беҳ аст.

Вазн бо забони ҳол мегўяд, ки дар мисраи дуюм ба ҷойи «аз» бояд «зи» бошад. Ва агар дар нусхаи зери дасти мураттибон ба шакли аввалӣ омадааст, маънои онро надорад, ки бо ҳамон сурат, яъне ғалат пешкаши хонандагони нашри оммавии осори шоир бигардад. Мутаассифона, таассуроте ҳосил мешавад, ки онҳо маҳз ба ҳамин роҳ рафтаанд ва муҳаррири девон ҳам пайгири собитқадамашон аст.

Камол хастадилу номуроду беҳосил,
Чӣ бошад, ар ба муроде расад зи давлати дўст?

«Камол ба муроде расад» – омадааст дар байт ва бармеояд, ки «хастадилу номуроду беҳосил» сифати ҳолати шоиранд. Бинобар ин, пайванди изофии ин ҷузъҳо зарур аст, яъне «Камоли хастадилу номуроду беҳосил».
Айни ин ҳолат дар байти зерин рух додааст:

Нест мискине, ки бар бўят чу уд,
Дуд пайдо, сўзи пинҳонеш нест.

Яъне, тасҳеҳи чунини мисраи дуюм зарур аст: «Дуди пайдо, сўзи пинҳоне-ш нест». Дар тақвияти мантиқи сатри дуюм меафзоем, ки «пинҳоне-ш» на, бояд «пинҳонӣ-ш»

пешина
аз 323
навбатӣ