МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа
Меҳру сеҳри шеър
Фирефтаи зоҳир шудан дар ин банд ҳам аён аст:
Ба ҷафо дур шудан аз ту набошад Маҳмуд,
Ҳар куҷо пойи Аёз аст сари Маҳмуд аст.
Сафари ишқи ту бе воситаи роҳбаре,
Ҳадди мо нест, ки ин раҳ раҳи номаҳмуд аст.
Мумкин нест, ки шоире чун Камол бе ягон мақсад калимаи «Маҳмуд»-ро батакрор биёраду қофия бикунад. Он чиз ҳам аён аст, ки бунёди мисраи дуюм барҷо, яъне талмеҳест дар зикри дараҷаи муҳаббати Маҳмуду Аёз. Пас, дар мисраи аввал ва қофияи мисраи охир набояд айни ин калима бошад. Маънои луғавии «маҳмуд»-ро ба хотир оварда, дар мисраи аввал месанҷем ва шубҳае намемонад, ки он маҳз ба ҳамин маъност ва бояд бо ҳарфи хурд биёяд.
Дар хусуси қофияи мисраи чорум ҳаминро бояд гуфт, ки калимаи «ҳадд» бо забони ҳол асли онро (маҳдуд) пешниҳод ва таносуби мисраъро барқарор мекунад. Бар замми ин, агар нобарҷойии вергулҳоро бартараф кунем, сурати аслии банди боло ҳувайдо мешавад:
Ба ҷафо дур шудан аз ту набошад маҳмуд,
Ҳар куҷо пойи Аёз аст, сари Маҳмуд аст.
Сафари ишқи ту бе воситаи роҳбаре
Ҳадди мо нест, ки ин раҳ раҳи номаҳдуд аст.
Ибораи «бад гуфтан» маъмул аст. Дар байти зерин аз артикли номуайянӣ (-е) сарфи назар намудан онро хароб кардааст:
Нест дар ошиқ бадӣ ҷуз ишқу медонад рақиб,
Гар бадӣ гуфтаст пеши ёр, некў гуфтааст.
Дар ин байт ҳар ду «бадӣ»-ро бояд ба шакли «баде»
навишт. Он гоҳ ҳам ибораи «бад гуфтан» риоя мешавад ва ҳам маънӣ рўшан.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё