Зеҳн
МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Меҳру сеҳри шеър

Ба фаҳмиши мо, байти мазкур бояд ин хел навишта мешуд:
Ҷонам ба лаб расид, чу васли ту бигзарад, Ояд ба лаб ҳароина, чун бигзарад ба ком.

Бисёр калимаҳое ҳастанд, ки шаклҳои мухталифи навишт доранд ва бар ниёзи вазн бо шаклҳои гуногун меоянд. Шарти матнгардонӣ маҳз шакли ба вазн (ва мазмун ҳам, албатта) созгори калимаро овардан аст. Чунон ки калимаи «дунё» дар ин ҷо:

Надидам ҳеҷ бархўрдорӣ аз сарви қадат ҳаргиз,
Чӣ суд аз ҳиммати олим, чун бахти нагун дорам.
Камол, аз дунёи дунам чӣ тарсонӣ, чӣ мегўйӣ,
Ҷавонам, ошиқам, мастам, ғам аз дунёи дун дорам?

Калимаи «дунё» дар мисраи сеюм бояд «дунйӣ»
навишта шавад. «Олим»-ро низ ба шакле, ки шоир гуфтааст – «олӣ-м» овардан шарт аст.
Ба ҳамин монанд боз чанд мисол меорем:

Сарбаландӣ талабӣ, ишқ гузин,
Исо (?) аз ишқ ба боми фалак аст.

Аз ёр дину дуньё бошад муроди ҳар кас,
Мегўйӣ (?) ҳар чи хоҳӣ, ман ёр хоҳаму бас.

Салои даъвати хубӣ бизан, ки ҳаст имрўз,
Хати ту сабзӣ (?) хони Халилу холи Адас.

Нишони хоки дарат порсо (?) гирифтам (?) ёфт,
Зи сурма дидан (?) аъмо чун он (?) надорад ҳаз.

Гуфтаӣ: Поям бибўйӣ (?) озурдаи мижгон масоз,
Мардуми чашми (?) дили мардум наёзорам ба чашм.

пешина
аз 323
навбатӣ