Зеҳн
МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Низом Қосим

Соқӣ, зи ҷоми дўшин дигар майор моро,
К-имрўз гар хум орӣ, хум нашканад хуморе!).

Мурод аз ин тақризи муфассал намудани симои нашри тозаи девони Камоли Хуҷандӣ, умедамон масъултар шудани мураттибону муҳаррирони осори классикӣ ва боло гирифтани сифат бар миқдори ин кори пурифтихору зарурист.

1987
Меҳру сеҳри шеър

ДАВОМИ ДУ ТАҚРИЗ

Манзури умум кардани осори шоирони то кунун номаъруфи тоҷику форс яке аз он корҳои шоистаест, ки чанд сол боз дар доираи фаъолияти нашриётҳоямон қарор доранд. Дар ин силсила нашриёти «Ирфон» «Мунтахаби ашъор»-и Фонии Кашмириро (бачоптайёркунанда ва муаллифи муқаддимаву тавзеҳот Шамсулло Девонаев, муҳаррир Қутбӣ Киром) чоп кард. Таваҷҷуҳу рағбати мухлисони ашъори накуро ба шоири мазкур ва осори ў аз ин қиёс метавон кард, ки китоб аз ҷониби ду нашрияи салоҳиятдори адабӣ пайиҳам тақризу баррасӣ шуд.
Алии Муҳаммадӣ дар тақризаш «Интихоби саҳеҳ мебояд» («Садои Шарқ», №5, 1987) ба мазмуну мундариҷаи китоб сар фурў бурда, мушоҳидаҳои ҷолибе берун овардааст. Навиштаи ў аз он ҷиҳат бамавриду ҷолиб аст, ки ғалатҳои матни китобро мушаххасан намуда, шакли дурусташонро пешниҳод мекунад. Мавриди қайд аст, ки эродҳои муаллифи тақриз сад дар сад барҷоянд ва мебояд, ки ҳангоми нашри нави ашъор рўйи кор биёянд.
Муаллифи тақризи «Шеъри дилпазир» Ҷамолиддин
Саидов («Адабиёт ва санъат», 6 августи соли 1987) ба ҷиҳатҳои дигари китоб дахл намуда, зоҳиран қасд кардааст, ки тасаввуроти хонандаро нисбат ба аҳволу осор, мазмуну мундариҷа, доираи мавзўъҳо ва ғояи ашъори шоир густариш бидиҳад.
Сарфи назар аз мақсаду услуби нигориш, ҳар ду тақриз ҳам бамаврид ва судманданд. Мутаассифона, саҳву ғалатҳои китоб фаровон аст ва масоилу тасҳифотеро, ки аз назари тақризҳои мазкур афтодаанд, нодида гирифтан бепарвоие мебуд ба заҳмати таҳиягар, иқдоми нашриёт ва тарбияи завқу салиқаи шеърфаҳмии хонанда.
Ғалатҳое, ки мавриди назари моянд, асосан аз ду тариқ содир шудаанд. Аввалан, ба назар нагирифтани яке аз

пешина
аз 323
навбатӣ