МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа
Низом Қосим
Шоир дилашро ба сабр талқин дорад, ки агарчи талх аст, чун шарбати талх аз барои фоида аст. Бинобар ин, ибораи «фоида нест» ба мантиқи ин байт носозгор аст, яъне, бояд баръакси он – «фоидаест» бошад. Дар байти сонӣ, ки бар лутфи зебое асос ёфтааст, сарфи назар шудани бандаки изофӣ дар нахусткалимаи сатри дуюм боиси халал ёфтани маънӣ шуда. Яъне, танҳо дар ин шакл ҷумлаи дуюми байт маънии мантиқӣ пайдо мекунад: «Ҳарифи мардуми бадмастро ба арбада сохтан мебояд».
Воқеан, дар байти зерин ҳолати акс рух додаст:
Имшаб афғонам зи чарх ар бигзарад, маъзур дор,
Чун зи заъфи тан намонд он қуввати афғон, ки буд.
(1, 402)
Дар мисраи дуюм шикояти он аст, ки аз заифӣ шоирро қуввати афғон намондааст, дар мисраи аввал бошад, даъвои он дорад, ки афғонаш аз чарх мегузарад. Ку мантиқ? Бинобар ин, гумон меравад, ки «бигзарад» дар асл «нагзарад» будааст.
Байте ба ин сурат омада:
Айбам макун ба ташнагии дил чун ғамат фузуд,
Устоди фитрат аз азал ин хона танг сохт.
Азбаски «ин хонаи танг»-и мисраи дуюм «дил» аст, шубҳае намемонад, ки «ташнагии дил» ҳам дар асли матн «тангии дил» будааст, яъне, «Айбам макун ба тангии дил, чун ғамат фузуд…».
Як сабаби маъмули ғалатхонии матни классикӣ шакли ягонаи навишти вожаҳои гуногун ба хати форсист. Дар ин ҳолат танҳо риояи қатъии мазмуну мантиқ ва таносуби сухан, ҳамчунин вазну қофия, ки унсурҳои ношикастании шеъри классикианд, метавонад пеши роҳи ғалатхониву ғалатнависиҳоро бигирад. Масалан:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё