Алиҷуни ҷун

Ин китоб афсонаи халқии тоҷикиро дар бар мегирад. Он хонандагонро бо ҳикояҳои ҷолиби афсонавӣ шинос мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 19 саҳифа
Алиҷон ҷавоб дод, ки пиёда. Ва девдухтар боз ба сӯйи дег давид. Алиҷон ин дафъа аз хӯрчин танҳо ҳамон оинаву шонаро гирифта, пинҳонӣ аз болои бом фаромада, роҳи гурезро пеш гирифт. Девдухтар баъди пурра хӯрда тамом кардани асп, акнун дар тараддуди баҳона кофтану ба ҷаҳл омадан ва хӯрдани Алиҷон буд. Ба гӯшаш гоҳ-гоҳ садои дутор мерасид ва ҳар лаҳза омада аз дари хона ба мӯрӣ назар меандохт. Мӯзаҳо овезон буданд. Ана ҳамин ҳолат дили ӯро пур мекард, ки соҳибаш ҳамон ҷост. Тахмин баъди ним соат девдухтар оби дегро ба ҷӯш оварда, акнун Алиҷонро ба поён даъват карданӣ шуд.
Назди мӯрӣ омада, фарёд кард:
- Алиҷун, биё, акнун ба сари дастархон фаро, ман бароит ош пухтам.
Аз боло бошад, ҷавобе наомад.
- Алиҷун, ҳо Алиҷун, куҷо шудӣ, фаро мегӯям!
Девдухтар дафъаи дуюму сеюм садо баланд кард, вале ҷавобе нашунид. Қаҳраш омаду давида аз мӯзаҳо гирифта ба поён кашид. Мӯзаҳо бе соҳибаш поён хамида, ба замин афтоданд. Девдухтар зуд давида болои бом баромад ва дид, ки аз Алиҷон на пай ҳасту на ҳайдар, хӯрчину дутор ҳамон ҷо партофтагӣ. Зуд ба дарахте часпида, болои он баромад, то бинад, ки Алиҷон ба кадом тараф гурехтааст. Дид, ки Алиҷон бо ҳамон роҳи омадааш дар шитоб асту хеле дур рафтааст. Девдухтар барои дастгир кардани

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё