АСОСҲОИ НАЗАРИЯИ ИҚТИСОДИ ҶАҲОНӢ

Дастури таълимӣ асосҳои назарияи иқтисоди ҷаҳониро мавриди баррасӣ қарор додааст, аз ҷумла, назарияҳои рушди иқтисоди ҷаҳонӣ, тиҷортаи байналмилалӣ, ҳаракати сармоя ва қувваи корӣ, равандҳои ҳамгироӣ, фаромиллигардонӣ ва ҷаҳонишавӣ, асосҳои методологии таҳқиқот ва мушкилоти муосири итисодиёти ҷаҳон таҳлил гардидаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 142 саҳифа
- бартарияти талаботи беруна нисбат ба талаботи дохилӣ дар раванди рушди иқтисодии кишварҳо;
- ба созмонҳои байналмилалии иқтисодӣ супоридани шумораи афзояндаи вазифаҳои иқтисодии ҳукуматҳои миллӣ;
- эътирофи принсипҳои бозории хоҷагидорӣ аз ҷониби ҳамаи кишварҳо ҳамчун шакли самараноки рушди иқтисодӣ;
- умумигардонии қоидаҳои ҳаёти хоҷагидорӣ ва муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ;
- пайдоиши истеҳсолоти байналмилалӣ, ки ба қувваҳои истеҳсолии ҷаҳонӣ асос ёфтааст, ба истеъмолгарони ҳар як кишвари ҷаҳон дар сатҳи стандарти ҳаёти шаҳрванди кишвари пешрафта нигаронида шудааст;
- хусусияти глобалии рақобати байналмилалӣ ва ҳамкории байналмилалӣ.
3.2. Мушкилоти глобалии ақибмонии иқтисодӣ Эҳтимол, ин мушкилоти асосии ҷаҳонӣ аст, зеро он дар навбати худ баъзе мушкилоти дигари глобалиро ба вуҷуд меорад, алалхусус дар кишварҳои рӯ ба инкишоф - камбизоатии оммавӣ, ҳифзи пасти иҷтимоӣ, рақобатпазирии байналмилалӣ мушоҳида мешавад. Дар кишварҳои пешрафта мушкилоти қафомонии иқтисодӣ камтар муҳим аст, аммо дар ин ҷо низ аксарияти давлатҳо кӯшиш мекунанд, ки қафомонии худро аз кишварҳои пешсаф аз рӯи сатҳи рушди иқтисодӣ бартараф кунанд.
Моҳияти ақибмонии иқтисодӣ Ақибмонии иқтисодӣ маънои онро дорад, ки кишвар дар муқоиса бо дигар кишварҳои пешрафта дар марҳила ё зинаи пасттари рушди иқтисодӣ қарор дорад.
Мушкилоти ақибмонии иқтисодӣ пештар низ вуҷуд дошт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё