Зеҳн
АСОСҲОИ НАЗАРИЯИ ИҚТИСОДИ ҶАҲОНӢ

Дастури таълимӣ асосҳои назарияи иқтисоди ҷаҳониро мавриди баррасӣ қарор додааст, аз ҷумла, назарияҳои рушди иқтисоди ҷаҳонӣ, тиҷортаи байналмилалӣ, ҳаракати сармоя ва қувваи корӣ, равандҳои ҳамгироӣ, фаромиллигардонӣ ва ҷаҳонишавӣ, асосҳои методологии таҳқиқот ва мушкилоти муосири итисодиёти ҷаҳон таҳлил гардидаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 142 саҳифа

Иқтисодиёт
Аз аввал хондан

Тибқи маълумоти охирин 35 кишвар ба кишварҳои дорои иқтисоди пешрафта; 40 кишвари ташаккули бозор ва даромади миёна ва 40 - рӯ ба инкишоф бо даромади паст тааллуқ доранд.
Ба кишварҳои дорои иқтисодиёти пешрафта ИМА, Олмон, Фаронса, Ҷопон, Бритониё ва ғайра дохил мешаванд.
Ба кишварҳои ташаккули бозор ва даромади миёна Чин, Ҳиндустон, АСЕАН-5, Русия, Мексика, Арабистони Саудӣ, Африқои Ҷанубӣ ва дигар кишварҳо дохил мешаванд.
Гарчанде ки дар бораи кишварҳои рӯ ба инкишофи камдаромад тафсилоти зиёд вуҷуд надорад, дар соли 2015 ба ин гурӯҳ Буркина-Фасо, Чад, Боливия, Гондурас, Узбекистон, Муғулистон ва дигарон дохил шуданд.
Паритети (баробарии) қобилияти харид Паритети қобилияти харид (ПҚХ) - таносуби байни асъорҳои миллӣ аз рӯи қобилияти харидории онҳо, яъне бо назардошти нархи маҷмӯи муайяни молҳо ва хидматҳо дар ҳар як кишвар мебошад. Ва азбаски нархҳо дар тамоми кишварҳои ҷаҳон гуногунанд, паритети қобилияти харид бо қурби асъори миллӣ (расмӣ ё бозорӣ) қариб якхела нест. Аз ин рӯ, ПҚХ бо мақсадҳои таҳлилӣ, на дар ҳисобдории хоҷагидорӣ истифода мешавад.
Ҳангоми муқаррар кардани қурби асъори миллӣ таносуби талабот ва пешниҳод ба ин асъор гирифта мешавад, ки дар натиҷаи амалиёти савдои хориҷӣ, яъне дар асоси молҳо ва хидматҳои савдо ба вуҷуд меояд.
Аммо, дар аксари кишварҳои ҷаҳон, онҳо қисми ками ММД-и худро ташкил медиҳанд. Ҳангоми муайян кардани паритети қобилияти харид, доираи васеи молҳо ва хидматҳо гирифта мешаванд, то ҳамаи молҳо ва хидматҳои тиҷоратӣ ва ғайритиҷоратӣ ба он дохил шаванд.

пешина
аз 142
навбатӣ