АСОСҲОИ НАЗАРИЯИ ИҚТИСОДИ ҶАҲОНӢ

Дастури таълимӣ асосҳои назарияи иқтисоди ҷаҳониро мавриди баррасӣ қарор додааст, аз ҷумла, назарияҳои рушди иқтисоди ҷаҳонӣ, тиҷортаи байналмилалӣ, ҳаракати сармоя ва қувваи корӣ, равандҳои ҳамгироӣ, фаромиллигардонӣ ва ҷаҳонишавӣ, асосҳои методологии таҳқиқот ва мушкилоти муосири итисодиёти ҷаҳон таҳлил гардидаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 142 саҳифа
Иқтисодиёт
Аз аввал хонданСаволҳои санҷишӣ:
- Таърифи васеъ ва маҳдуди истилоҳи "иқтисоди ҷаҳонӣ"
чӣ фарқ доранд? - Кадом шаклҳои муносибатҳои иқтисодии байналмилалиро шумо медонед?
- Паритети қобилияти харидорӣ аз қурби асъор чӣ фарқ дорад?
- Моҳияти усулҳои иқтисодӣ-математикӣ (оморӣ) фаҳмонед?
- Усули аксиоматикӣ дар кадом маврид истифода мешавад?
- Усули таърихии тадқиқот чӣ хусусият дорад?
- Усули мантиқӣ аз дигар усуслҳои таҳқиқот чӣ фарқ дорад?
- Намудҳои таҳлилро номбар кунед.
- Равиши минтақавӣ ва хусусиятҳои онро фаҳмонед.
- НАЗАРИЯҲОИ ХОҶАГИИ ҶАҲОНӢ
Назарияҳои иқтисоди ҷаҳонӣ аз рӯи:
- қувваҳои пешбаранда, ки ба рушди иқтисоди ҷаҳонӣ асос ёфтаанд;
- хусусиятҳои сифатӣ, ки марҳиланокӣ ё даврабандии афзоишро муайян мекунанд, тасниф мешаванд.
Хусусияти назарияҳои қисман технологӣ-омилӣ дар он аст, ки муаллифони онҳо ягон унсури рушди технологӣ ё табииро ҷудо мекунанд, ки онро ҳамчун муҳаррики универсалии рушди иқтисоди ҷаҳонӣ пешниҳод мекунанд. Назарияҳои комплексии рушд низоми каму беш пурраи омилҳоро таҳқиқ мекунанд ва марҳилаи рушдро аз рӯи тағйирот дар омезиши онҳо муайян мекунанд (ҷадвали 2).
Ҷадвали 2. Назарияҳои иқтисоди ҷаҳонӣ Омилҳо ва
Номи назария қувваҳои Намояндагон пешбарандаи рушд 1. Назарияҳои қисман технологӣ-омилӣ 1.1 назарияи технологияи нав - Д. Морган навовариҳои азхудкунии оташ, технологӣ камон...
1.2 назарияи омилҳои табиӣ ва Н. Бердяев омилҳои табиӣ мавқеи ҷуғрофӣ, ландшафт 1.3 назарияи тағйирёбии шумора В.
демографӣ ва сохтори аҳолӣ Ключевский, Т. Малтус 1.4 назарияи намуди нақлиёти Л. Мечников роҳҳои обӣ асосии обӣ - дарёгӣ, баҳрӣ, уқёнусӣ 1.5 назарияи рушди технологияҳои X. Мак-Люен технологияҳои иттилоотӣ - забон, иттилоотӣ мошини чопӣ, Интернет 1.6 назарияҳои технологияҳои Ч.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё