АСОСҲОИ НАЗАРИЯИ ИҚТИСОДИ ҶАҲОНӢ

Дастури таълимӣ асосҳои назарияи иқтисоди ҷаҳониро мавриди баррасӣ қарор додааст, аз ҷумла, назарияҳои рушди иқтисоди ҷаҳонӣ, тиҷортаи байналмилалӣ, ҳаракати сармоя ва қувваи корӣ, равандҳои ҳамгироӣ, фаромиллигардонӣ ва ҷаҳонишавӣ, асосҳои методологии таҳқиқот ва мушкилоти муосири итисодиёти ҷаҳон таҳлил гардидаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 142 саҳифа
Дигарон бо истилоҳи "молҳо ва хидматҳои ғайритиҷоратӣ" ишора карда мешаванд.
Ҷадвали 1. Молҳои тиҷоратӣ ва ғайритиҷоратӣ
Бахши
Гурӯҳи молҳо Намуди молҳо
иқтисодиёт
Таърихан 1. Кишоварзӣ, шикор,
тамоми бахши хоҷагии ҷангал ва
ибтидоии моҳидорӣ
Тиҷоратӣ
иқтисодиёт
2. Саноати истихроҷ
3. Саноати коркард
4. Хизматрасонии
коммуналӣ ва сохтмон
Бахши 5. Савдои яклухт ва
дуюмдараҷа чакана, тарабхонаҳо ва
Ғайритиҷоратӣ
меҳмонхонаҳо
6. Интиқол, нигоҳдорӣ,
алоқа ва миёнаравии
молиявӣ
Ҳамзамон, дар ҷаҳон ҳаракати қариб ҳамаи
омилҳои истеҳсолот — сармоя, қувваи корӣ, қобилияти
соҳибкорӣ, технология афзоиш ёфт. Ҳамин тавр, Русия
ба истифодаи сармояи қарзии хориҷӣ (аввалин қарзи
хориҷӣ аз ҷониби бонкдорони голландия ба Екатеринаи
II дар соли 1769 дода шудааст), ба ҷалби сармояи
соҳибкории хориҷӣ (нахустин ширкати хориҷӣ Ҷамъияти
гази континенталии Олмон фаъолияти худро дар Русия
соли 1855 оғоз кард), ва сипас (аз охири асри гузашта) ба
содироти сармоя, асосан ба кишварҳои ҳамсояи Осиё
шурӯъ кард. Қувваи кории хориҷӣ дар Русия аз охири
асри XIX истифода мешуд (коргарони эронӣ дар
корхонаҳои нафтии Боку кор мекарданд, коргарони чинӣ
дар сохтмони роҳи оҳани Транссибирӣ иштирок
мекарданд). Таҷрибаи соҳибкории хориҷӣ ва технологияи хориҷӣ ба дигар кишварҳо фаъолона аксар вақт бо ҳамроҳии сармояи хориҷӣ ворид мешуд (саноати ҳавопаймосозӣ дар Русияи пеш аз инқилоб асосан дар заминаи корхонаҳои фаръии ширкатҳои ҳавопаймосозӣ ва мошинсозии Фаронса ба вуҷуд омадааст, аз ин рӯ самти корхонаҳои ҳавопаймосозии пеш аз инқилоб асосан ба истеҳсоли ҳавопаймоҳои сохтори хориҷӣ майл дошт).

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё