Зеҳн
ҲУНАРМАНДОНИ ДЕҲАИ ВОРЎ

Фарҳанги мардумии деҳаи Ворӯ бо хусусиятҳои махсуси маҳаллии худ ва ҳам наздикии ҷуғрофӣ бо шаҳри қадимаи Саразми аҳди энеолит ва асри биринҷӣ бештар таваҷҷуҳи мардумшиносонро ҷалб намуд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 50 саҳифа

Санъат
Аз аввал хондан

деворҳояш сафед карда шудаанд. Боми он ду қабата мебошад.
Дар таҳқиқоти гуногуни мардумшиносӣ оид ба маросимҳои муайяни алоқаманд бо оташ дар дохили хонаҳои истиқоматӣ дар болооби водии Зарафшон зикр шудаанд. Дар рафти тадқиқотҳои бостоншиносӣ дар Саразм ду намуди оташдонҳо кашф карда шуданд: хоҷагӣ ва маросимӣ.
Оташдонҳои ошхона ва гармидиҳии (сандалӣ) хонаҳо аз сангҳои суфта ки бо як ҳошияи муайян сохта шудаанд, иборат буд, ки дар маркази хона қарор дошт. Сандалӣ дар фарши хонаи истиқоматӣ гузошта шуда, чоркунҷашакл сохта шудааст, чунин намуди сандалиҳо то ҳол дар Афғонистон, Туркия ва Эрон истифода мешаванд.
Оташдонҳои ошхона асосан бо девор пайваст сохта шуда, девори нимдоира мебошад. Баъзеи онҳо дар ҳавлӣ ҷойгир буданд. Чунин тарҳҳо бо чуқурии дег дар хонаҳои муосири Осиёи Марказӣ вуҷуд дорад. Оташдонҳои маросимӣ мудаввар ва росткунҷа буданд1. Ҳамин тариқ, оташдонҳои Саразм ҳамчун намуна барои оташдонҳои муосири Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Зарафшон, хидмат кардааст. Новобаста ба он ки айни ҳол ҳуҷраҳо бо гармкунакҳои барқӣ гарм карда мешаванд, дар бисёр хонаҳо хӯрокро ҳам дар оташдонҳои анъанавӣ ва ҳам дар печҳои барқӣ омода менамоянд.
Тибқи гуфтаи Д.Назилов, оташдон дар марҳилаи аввали тараққиёти манзил маъмул буд: он ҳам ҳамчун воситаи гармидиҳӣ ва ҳам барои пухтупаз хизмат мекард. Дар аввали ҳазораи I то мелод, барои гармнамудани манзил, дар фарши он оташ меафрӯхтанд. Сипас, сохтани оташдонҳои ба шакли хонаи занбӯр дар деворҳо ё дар фарш ҷойгир шуда, оғоз шуд. Дар асрҳои миёна ҷудо намудани оташдонҳо аз қисми "тозаи" манзил дида мешавад, ки бо

1 Разоков Ф.А.Ук.соч. -С. 115, 116.

пешина
аз 50
навбатӣ