Зеҳн
ҲУНАРМАНДОНИ ДЕҲАИ ВОРЎ

Фарҳанги мардумии деҳаи Ворӯ бо хусусиятҳои махсуси маҳаллии худ ва ҳам наздикии ҷуғрофӣ бо шаҳри қадимаи Саразми аҳди энеолит ва асри биринҷӣ бештар таваҷҷуҳи мардумшиносонро ҷалб намуд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 50 саҳифа

Санъат
Аз аввал хондан

маҳаллӣ буд, ки аз якрангии санъати баланди ҳайкалтарошӣ, наққошӣ ва ороиши меъморӣ шаҳодат мекунанд.1 Дар ёдгориҳои минтақа ташбеҳ ва тафсири архетипҳо зиёданд, гарчанде ки онҳо баъзан нобаробар ё қисман нишон дода мешаванд. Ин падида аллакай аз ҷониби як қатор муҳаққиқон мушоҳида шудааст, ки дар зер зикр хоҳанд шуд. Инъикоскунандаи якчанд мисоли таърихии замонҳои мухталиф мебошад, ки онҳоро аъзои экспедитсия дар ҷараёни таҳқиқоти саҳроӣ дар Зарафшон дар солҳои 2014, 2019 қайд кардаанд. Тибқи гуфтаи В.Л.Воронина, ду омили асосӣ барои ташаккули ҳар гуна ангеза дар нақш муҳимманд. Аввалан, чунин ангеза бояд дар хоҷагии миллати мазкур ё табиати атроф нақши аслии худро дошта бошад; дувум, ин ангеза бояд сифатҳои ороишӣ ва имкониятҳои васеи композитсиониро доро бошад.2 Ба ин маъно, мисоли танзим функсионалӣ, созанда ва ороишии фриз дар биноҳои таъиноти гуногун дар Зарафшон барои муддати тӯлони таърихӣ хеле нишондиҳанда дорад.
Ба низоми сохтани биноҳои тантанавӣ дар Панҷакент назар мекунем (асрҳои У-У111). Ба ҳама маълум аст, ки ороиши толорҳо дар ин шаҳри асримиёнагӣ аз наққшу нигор маҳдуд набуд: дар болои деворҳо ҳайкалчаҳои занонаи чӯбӣ буданд, зари шифт фризи кандакоришуда бо тасвири худоҳо дар аркҳо намудоранд ва худи шифт аз чӯбу тахтаҳо иборат буд, ки онҳо низ кандакорӣ шуда буданд.
Ҳангоми тақсим кардани тарҳи тасвир вазифаи нақш ҷудо кардани майдони тасвир дар шакли хати рост аз поён ва боло, баъзан вақт тақсимбандӣ намудан ва ҳошиякашӣ мебошад. Ҳошияҳои тасвири бо андозаҳои гуногун (3-4 то 20-25 см) ин амалро иҷро мекарданд. Нақшҳои рахҳои

1 Воронина В.Л. Архитектурные памятники древнего Пенджикента. // Материалы и исследования по археологии СССР. №124. - Москва- Ленинград,1964. -С. 126.
2 Воронина В.Л. Архитектурные памятники…..-С. 126.

пешина
аз 50
навбатӣ