Зеҳн
ҲУНАРМАНДОНИ ДЕҲАИ ВОРЎ

Фарҳанги мардумии деҳаи Ворӯ бо хусусиятҳои махсуси маҳаллии худ ва ҳам наздикии ҷуғрофӣ бо шаҳри қадимаи Саразми аҳди энеолит ва асри биринҷӣ бештар таваҷҷуҳи мардумшиносонро ҷалб намуд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 50 саҳифа

Санъат
Аз аввал хондан

Шаҳраки Ҳисорак. Кандакории рӯйи чӯб. Асрҳои У11-
У111. Расми А.Ю. Фрунзе, таҷдиди П.Б. Лурье.

Дар Панҷакент ва дигар ноҳияҳои Зарафшон анъанаҳои ороиши дохилии манзили асримиёнагӣ то имрӯз вуҷуд дорад. Мавзӯи асосии ороиши фриз аст, ки миёни девор ва шифти хона мегузарад. Нусхабардории нақш дида намешавад.
Намунаи чунин ороишоти девор хонаи Абдуикром Умаров аз деҳаи Ворӯ шуда метавонад, ки онро усто Бобораҷаб Малаев аз Марғедар солҳои 80-ум омода кардааст. Дар деҳаҳои дигар, дар Шўрнова, хонаи Бегалӣ Неъматов (усто Абдуҷалол, усто Абдухолиқ ва усто Қосим, солҳои 1976-1980) ва хонаи А.Раҳимов (усто Абдуҷангӣ Эркаев, соли 1985), дар хонаи Муҳаммаднабӣ Алиев низ фризро нигоҳ медоранд. Интерери дохили манзилҳои истиқоматии Зарафшон дар чоряки охири асри ХХ оро дода шудаанд, ки устоҳои дуредгару, кандакор суннатҳои кандакории чӯбро бо тарзҳои гуногун тафсир кардаанд.
Тибқи гуфтаи В.Л. Воронина, фризи анъанавӣ асримиёнагӣ ё забарравӣ дар шакли пурраи худ ба се қисм тақсим мешавад.

пешина
аз 50
навбатӣ