ҲУНАРМАНДОНИ ДЕҲАИ ВОРЎ

Фарҳанги мардумии деҳаи Ворӯ бо хусусиятҳои махсуси маҳаллии худ ва ҳам наздикии ҷуғрофӣ бо шаҳри қадимаи Саразми аҳди энеолит ва асри биринҷӣ бештар таваҷҷуҳи мардумшиносонро ҷалб намуд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 50 саҳифа
ҳунармандон маҳрум нест, аз ин қолинҳои онҳо шаҳодат медиҳанд.
Яке аз намудҳои қадимтарини қолинбофӣ намат мебошад, ки аз пашми гусфанд, асосан аз пашми тирамоҳӣ ё барраи ҷавон омода мешавад. Баръакси раванди омода намудани муддати тӯлонии гилемҳо, намад дар муддати кӯтоҳ бо истифода аз асбобҳои зери даст, бе истифодаи ягон намуди дастгоҳ омода мешавад.. Барои омода намудани он, ба замини ҳамвори рост ва ресмонҳо лозим аст. Ба ҳунарманд муҳим аст, ки маводро эҳсос кунанд, то намати нафису зебо омода намояд. Наматмолӣ асосан касабаи занона буда, зери роҳбарии занон омода мегардад, гарчанде ки дар марҳилаҳои охирин мардҳо низ ҳамроҳ мешаванд.
Намат бо гармӣ ва мустаҳкамии худ, намунаи кори дастаҷамъона - ҳашар мебошад. Дар омода намудани намад, иҷроиши ҳар як амал миёни ҳунармандон тақсим гардиданд.
Яке пашмро мезананд, онро аз чанг ва хошок тоза мекунанд, пас аз он онро бо мақсади муллоим ва тоза кардан, чанд соат дар зардоби шир ё оби гарми собундор тар мекунанд. Сипас маводи хомро шуста, рост карда дар офтоб мехушконанд ва аз он ришта мересанд. Болои пашми тайёршуда, ки болои матои дағал дар рӯи фарш ҷойгир аст, нақшҳои бурида шударо мегузоранд. Болои он аксар вақт об мепошанд, то ки нахҳои намадӣ бо ҳам хуб пайваст шаванд. Дар марҳилаи охир, мардон ба кор ҳамроҳ мекунанд: Маводи омода шударо печонида, онро сахт баста, бо дастон онро сахт зер карда, мемоланд, то омода намудани намади мукамал.
Дар натиҷа маҳсулот бо нақшҳои анъанавии геометрӣ, бо тарҳи тозаи муайян, ки ба ислоҳи техникию корҳои иловагӣ ниёз надорад омода мегардад. Ранги намад хеле маҳдуд аст ва асосан аз рангҳои хокистарӣ, қаҳваранг ё сиёҳ иборат аст,вобаста ба ранги пашми истифода шаванда.
Намад метавонад ранга бошад, агар устоҳо пашмро пешакӣ ранг карда бошанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё