70 СОЛ ДАР РОҲИ ОМЎЗИШИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ

Рисолаи дастаҷамъӣ ба таърихи ташаккул ва рушди маркази асосии омўзишу таҳқиқи таърихи халқи тоҷик-Институти таърих, бостоншиносӣ ва мадумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ки имсол 70 сола шуд, бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 162 саҳифа
Акнун нақшаҳои нави илмӣ вобаста ба талаби замон пешниҳод мешуданд. Илми таърих хосатан замони қадиму асримиёнагии он дар ин раванд истисно буда наметавонист.
Аз чоп баромадани маҷмўаи «Материалҳо доир ба таърихи тоҷикон ва Тоҷикистон» (Сталинобод, 1945), ки дар он мақолаҳои В. В. Струве «Ватани Зардушт», А. Е. Маджи «Таърихи Хуҷанди феодалӣ»
Н. А. Кисляков «Аз таърихи мардуми болооби Панҷ» ва ғайра ворид гардидаанд, арзиши баланди илмиро соҳиб буд. Соли 1945 ба чоп расидани мақолаи аҳамияти барномавӣ доштаи Б. Ғафуров «Таърихи гузаштаи бои халқи тоҷикро чуқуртар омўзем»1 дар назди муаррихон вазифаҳои ҷиддӣ гузошт.
Падидаи муҳимтарин дар таърихнигории миллӣ соли 1947 рў чоп омадани китоби Б. Ғафуров «Таърихи мухтасари халқи тоҷик»2 ҳисоб меёбад. Дар он муаллиф аввалин шуда, бо маҳорати ниҳоят баланди илмӣ тавонистааст, ки таърихи халқи тоҷикро мавриди таҳлил қарор диҳад. Аз арзиши илмии ин тадқиқот пайи ҳам дар Москва дар се барориш рўи чоп омадани он (солҳои 1949, 1952, 1955) гувоҳӣ медиҳад.
Бояд гуфт, ки қисмати асоси ин китоб ба давраи қадиму асримиёнагии тоҷикон бахшида шудааст.
Қарори Шўрои Вазирони ИҶШС аз 9 октябри соли 1950-ро ба асос гирифта, тибқи Қарори Прездиуми Шўрои Олии ҶШС Тоҷикистон, Шўрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон ва КМ ҲК(б) Тоҷикистон аз 14 апрели соли 1951 Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон таъсис ёфт. Дар қатори дигар пажуҳишгоҳҳо дар тобеъияти он расман арзи вуҷуд пайдо карда, Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ, аз рўзҳои аввали фаъолияти худ ҷиддан ба таҳқиқи масъалаи «Омўзиши таърих, таърихи маданият ва санъати халқи тоҷик аз замонҳои қадим то замони муосир», оғоз намуд, ки он то кунун дар маркази таҳқиқоти ин муассисаи пешбари илмии соҳавӣ қарор дорад.
Аз давраи таъсисёбӣ дар институт се сектор: таърихи ҷомеаи шўравӣ, бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ фаъолият мекарданд. Чӣ тавре аз ин сохтор бармеояд, дар сектори таърихи ҷомеаи шўравӣ таҳқикоти масоили таърихи Тоҷикистони замони шўравӣ мақоми марказӣ пайдо карда буд. Масъалаҳои таърихи қадим, асрҳои миёна ва нави халқи тоҷик низ то ин ё он дараҷа дар доираи ҳамин сектор ва давраи қадимтарини он дар сектори бостоншиносӣ мавриди омўзиш қарор ёфта буданд. Масалан, дар байни 55 корҳои дар ҳаҷми умумии 205 ҷузъи чопии солҳои 1951-1955 аз тарафи ходимо-
1 Гафуров Б.Г. Глубже изучаты богатое историческое прошлоетаджикского народа//Труды Тадж. филиала АН СССР. – Сталинабад, 1945. – Т.21. Наука в Таджикистане. – Сталинабад, 1945. – С. 16-20.
2 Ғафуров Б. Таърихи мухтасари халқи тоҷик. – Сталинобод: Нашрдавтоҷик,
1947. –382 с.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё