Зеҳн
70 СОЛ ДАР РОҲИ ОМЎЗИШИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ

Рисолаи дастаҷамъӣ ба таърихи ташаккул ва рушди маркази асосии омўзишу таҳқиқи таърихи халқи тоҷик-Институти таърих, бостоншиносӣ ва мадумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ки имсол 70 сола шуд, бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 162 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

моилизми Фидоии Хуросонӣ», «Очеркҳои замони Рўдакӣ»; А. Мухторов – «Материалҳо доир ба таърихи Ӯротеппа (ҳуҷҷатҳо)»; А. М.
Беленитский, В. Л. Воронина, П. И. Костров – «Санъати Панҷакенти қадим» ва дигар мақолоти илмӣ ворид гаштаанд1.
Моҳи июни соли 1958 дар Институт аз ҳисоби ходимони илмии сектори ҷомеаи шўравӣ, ки доир ба масоили таърихи асримиёнагии халқи тоҷик тадқиқот мебурданд, сектори таърихи асрҳои миёна кушода шуд. Ба сифати иҷрокунандаи мудирии ин сектор ходими илмии сектори бостоншиносӣ, Нуъмон Неъматов таъйин гардид.
Дар ҳисоботи фаъолияти яксолаи сектори таърихи асрҳои миёна баъди таъсисёбӣ омадааст: «Дар солҳои охир таҳқиқи масоили таърих ва таърихи фарҳанги асримиёнагии халқи тоҷик аз омўзиши чунин масъалаҳои ба дигар давраҳои таърих иртибот дошта, хеле қафо мондааст. Агар таърихи сиёсии асримиёнагиро дар ин ё он дараҷа тадқиқшуда ҳисобем ҳам, аз ин манзар омўзиши масоили иҷтимою иқтисодӣ ва фарҳангӣ дар сатҳи ниҳоят паст эҳсос мегардад. Дар оянда ақибмонӣ дар таҳлили илмии давраи асримиёнагӣ метавонад таълифи давраҳои тоинқилобии «Таърихи халқи тоҷик»-ро. ки дар чаҳор ҷилд ба нақша гирифта шудааст, ҷиддан халалдор намояд»2.
Соли 1959 ба вазифаи мудирии сектор номзади илмҳои таърих, ходими калони илмӣ, Аҳрор Мухторов таъйин гардид ва онро академики оянда то соли 1991 ба дўш дошт.
Фаъолияти илмии ходимони сектор соли 1960 ниҳоят рушд намуд.
Дар сектор ду даста барои ҷамъоварии ҳуҷҷатҳои расмӣ, аз ҷумла, васиқаҳо, маводи характери ҳуқуқӣ дошта, катибаҳо, маълумоти шифоҳии шоҳидони воқеаҳои тоинқилобӣ дар Бухорои Шарқӣ ва ғайра, сафарбар шуда, кор мебурданд. Дастаи Кўлоб (зери роҳбарии А. Мухторов) ва дастаи Помир (бо роҳбарии К. Ҷамолов) қариб 60 навиштаҷоти рўйсангии ба асри XVII тааллуқдошта, 40 ҳуҷҷатҳои расмӣ доир ба масоили муносибатҳои аграрӣ (кишоварзӣ), иҷтимоию иқтисодӣ ва маълумоти зиёди шифоҳӣ доир ба таърихи ҷунбишҳои халқӣ дар Бухорои Шарқии охири асри XIX – ибтидои асри XX ва ғайраро ба даст оварданд3.
Соли 1961 рисолаҳои илмии А. Ҷалилов «Суғд дар арафаи ҳуҷуми арабҳо ва муборизаи суғдиён ба муқобили истилогарони араб дар нимаи аввали асри VIII» ва З. Ш. Раҷабов «Маорифпарвари барҷас-

1 Ҳамон ҷо. -Б.20. -П. №224. -(Ҳисоботи Институт ва секторҳо барои с. 1956). – В. 6-10, 44.
2 Дар оянда, ҳангоми нашри ин таҳқиқоти бунёдӣ, қарор дода шуд, ки он дар се ҷилду панҷ китоб интишор шавад. – М.: Издательство Восточной литературы, 1963-1965.
3 Бойгонии ИТБМ АИ. – Ф.2. – Оп.1. – П. №.357 (Ҳисоботи фаъолияти илмӣтадқиқотии Институт ва секторҳои он барои с. 1960). – В.7.

пешина
аз 162
навбатӣ