70 СОЛ ДАР РОҲИ ОМЎЗИШИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ

Рисолаи дастаҷамъӣ ба таърихи ташаккул ва рушди маркази асосии омўзишу таҳқиқи таърихи халқи тоҷик-Институти таърих, бостоншиносӣ ва мадумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ки имсол 70 сола шуд, бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 162 саҳифа
ва 11 тасвирҳо), «Гузарҳои Уротеппа» (7 ҷ.ч. ва 10 расмҳо), «Таърихи Уротеппа дар асрҳои XVI-XIX (15 ҷ.ч. бо замимаи дар ҳаҷми 1 ҷ.
ч. тасвирҳо) ба чоп расонда шуданд. Ҳамчунин дар ин радиф бояд аз заҳмати ба чоп таёр кардани «Ёддоштҳои амири Бухор»-ро аз тарафи А. Мухторов ки дар Теҳрон соли 1993 ба чоп расидааст, ёдовар шуд. Аз таълифоти ин олим, ки дар хориҷи ҷумҳурӣ нашр гардидаанд «Топография таърихии Балх» (дар маҷаллаи «Ошно». – Теҳрон, 1992 (№ 6-7), 1993 (№ 8-9, 11-12) ва нашри ҳамин китобро дар Ню- Йорк соли 1993 қайд кардан зарур аст. Ҳамчунин нашри навбатии китоби дарсии А. Мухторов «Таърихи халқи тоҷик» барои синфҳои 8-9 макотиби миёна, ки дар ҳаммуаллифӣ бо Б. А. Литвинский таълиф шудааст, низ ба ҳамин сол рост омад. Албатта, дар ин радиф бояд аз таълифоти дигар ходимони илмии шуъба, ки дар ҳаҷми чанд мақолоти илмӣ ва илмӣ-оммавии ба табъ расондаи онҳо маҳдуд мешавад, бояд ба назар гирифт1.
Соли 1994 А. Мухторов «Ёддоштҳои амир Олимхон» – ро таҳияю дар Теҳрон (3,5 ҷ. ч.) ба чоп расонд. Бо пешгуфтору тавзеҳоти олим рисолаи Муҳаммадалии Балҷувонӣ «Таърихи нофеъӣ» (Душанбе, 7,8 ҷ.ч.) ба дасти хонандагон ва мутахассисони соҳа расид. Ҳамчунин таълифоти худи олим «Хушнавис Мирҳусайн Ҳусайни Истравшанӣ (Душанбе, 2,25 ҷ. ч.), «Балхи охириасримиёнагӣ» ва боз чандин мақолоти илмии олим рўи чоп диданд. Ҳамин сол китоби дарсии А.
Саидов ва Қ. Махсумов «Худомўзии забони арабӣ» бо забони тоҷикӣ ва чандин мақолаҳои Ю. С. Малтсев, Л. Н. Додхудоева, Ш.
Юсупов, ки аз рўи нақшаи шуъба таълиф шудаанд, ба табъ расиданд2.
Соли 1995, мисли солҳои пешин фаъолияти намунавии академик А.Мухторов идома ёфт. Ҳамин сол рисолаҳои олим «Ҳисор. Очерки таърихӣ (Охири асри XV – ибтидои асри XX) ва «Ҳокимони Ҳисор»
аз нашр бароварда шуданд. Ба замми ин А. Мухторов ва Ю. С. Малтсев 6 мақолаи илмӣ ба чоп расонда, бештар аз 10 мақола ба нашрияҳои гуногун супоридаанд3.
Аз дастовардҳои илмии шуъба дар соли 1996 ёдовар шуда, қайд кардан ҷоиз аст, ки назаррастарин таълифот рисолаи Б.Искандаров «Таърихи Помир», таҳқиқоти А. Мухторов «Ҳокимони Ҳисор», «Таърихи Уротеппа» (асрҳои XVI – ибтидои XX), «Ҳокимони Уротеппа» (асрҳои XV – XIX) ҳисоб меёбанд. Дар ин радиф аз китобчаи (брошюра) Ю. С. Малтсев «Занҳо дар ҷомеаи муосир» ва панҷ
1 Бойгонии ҷории ИТБМ АИ ҶТ (Ҳисоботи корҳои илмӣ-тадқиқотии Институт барои с. 1993). – В.1-9.
2 Бойгонии ҷории ИТБМ АИ ҶТ (Ҳисоботи корҳои илмӣ-тадқиқотии Институт барои с. 1994).
3 Ҳамон ҷо. Ҳисоботи шуъба барои соли 1995.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё