Зеҳн
70 СОЛ ДАР РОҲИ ОМЎЗИШИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ

Рисолаи дастаҷамъӣ ба таърихи ташаккул ва рушди маркази асосии омўзишу таҳқиқи таърихи халқи тоҷик-Институти таърих, бостоншиносӣ ва мадумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ки имсол 70 сола шуд, бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 162 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Шахсан худи Бобоҷон Ғафуров борҳо бо Вазорати маорифи ИҶШС муроҷиат намуда, кўмаки Иттифоқро барои университет мепурсид. Инчунин Бобоҷон Ғафуров оид ба кори университет, махсус ба Москва борҳо сафар кардааст.
Албатта, дар соли аввали хониш душвориҳо хело зиёд буданд.
Барои фаъолияти университет қаноти чапи бинои Институти омўзгории шаҳри Душанберо (имрўза бинои ДДОТ ба номи С. Айнӣ) ҷудо карда буданд. Барои хобгоҳи донишҷуён бинои алоҳидаро дар кўчаи ҳамонвақта ба номи Куйбешев – 10 ҷудо кардаанд, ки дар он на танҳо донишҷўён, балки омўзгорони аз дигар шаҳрҳо омада ҳам зиндагӣ мекарданд. Аммо мураккабтарин масъала ин сафарбар намудани донишҷўёни оянда – дохилшавандагон ба ҳисоб мерафт. Зеро, хатмкунандагони мактабҳои таҳсилоти миёна барои донишкадаҳои мавҷуда базўр кифоягӣ мекард. Чунин ҳолатро ба назар гирифта, дар ҷумҳурӣ мактаб-интернатҳо бунёд карданд. Ба онҳо бещтар талабаҳои синфҳои 6-7 хатмкардаи деҳотро қабул карда, бо суръати тез, барои мактабҳои олӣ дохилшавандагонро омода мекарданд.
Барои университет имтиҳони қабул 1 август оғоз гардид. Бо сабаби кам будани довталабон ягон хел конкурс нашуд. Нақшаи қабул ҳамагӣ 50-60% иҷро шуду халос. Хулоса, соли аввал ҳамагӣ 200 нафар ба сафи донишҷўёни университет қабул шуданд.
Хатмкунандагони аввалини университет: М. Б. Бобохонов, А. М.
Маниёзов, Қ. Ҷ. Ҷамолов, Д. М. Мирбобоев ва дигарон буданд.
Умуман, барои Ҷумҳурии Тоҷикистон, бунёди университет барои пешравии низоми маориф ва илм аҳамияти бузург дошт, ки дар саргоҳи бунёди он олими кордон, академик Зариф Шарипович Раҷабов меистод.
Дар қатори Университет давлатӣ, дар соли 1951 бунёд гардидани Академияи Илмҳои ҷумҳурӣ низ воқеан бузургтарин буд. Аввалин президенти он, бо тавсияи Бобоҷон Ғафуров, нависандаи машҳури замон, шоир, олим, устод Садриддин Айнӣ интихоб гардид. Дар бунёди ин маркази илми ҷумҳурӣ ҳам хизмати Бобоҷон Ғафуров беҳамтост.
Маросими тантанавии таъсиси Академияи илмҳои ҷумҳурӣ – 14- апрели соли 1951 дар Театри опера ва балети ба номи С. Айнӣ барпо гардид. Дар он меҳмонони зиёд аз ҷумҳуриҳои Иттифоқӣ, аз пойтахти Иттифоқ – шаҳри Москва, аз шаҳри Ленинград (Санкт – Петербурги ҳозира), роҳбарияти ҷумҳурӣ, намояндагони илму фарҳанги мамлакат ҳузур доштанд. Зариф Шарипович, ки чун узви вобастаи академияи навтаъсис интихоб карда бурданд, аз номи зиёиёни ҷумҳурӣ, дар ин ҷамъомади тантанавӣ баромад кард.
Зариф Шарипович то соли 1954 ректори Университети давлати Тоҷикистон ва аз ин сол то соли 1959 мудири кафедраи таърихи ИҶШС-и ҳамин университет, солҳои 1959-1962 директори Институти таърихи АИ ҷумҳурӣ, солҳои 1962-1971 академик – котиби шуъбаи илмҳои ҷамъиятии Академияи Илмҳо ва аз соли 1971 ходими калони илмии Шуъбаи фалсафаи ҳамин академия шуда фаъолият намудааст.

пешина
аз 162
навбатӣ