Зеҳн
Ҷумлаҳои мураккаб бо пайрави сабаб дар забони адабии ҳозираи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши ҷумлаҳои мураккаб бо пайрави сабаб дар забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст. Дар он хусусиятҳои грамматикӣ ва сохтории чунин ҷумлаҳо баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 109 саҳифа

Илм
Аз аввал хондан

карбос ва қадаки ватанӣ мепушиданд, ба ранг кардани газвори сафеди дастибофта ва ба даббоғии пӯстҳои хоми ҳайвоноташон бисёр мӯҳтоҷ буданд (Ҳ. И., Ду ёр аз ду диёр, саҳ. 95). Шодӣ дирӯз омад, чунки корҳояшро дер анҷом додааст (Ҷ. И., Шодӣ, саҳ. 143).

г) Ҳоли сабаб ва мақсад: Мо ҳам аз тарс дарҳол хомӯш шудем, зеро ки бадҷаҳлӣ ва бераҳмии падарамро медонистем ва на як бор муҳити вазнини ӯ ба сари кифти мо фаромада буд (Ҷ. И., Дуҳ. от., саҳ. 275). Ин корро Асо қасдан кард, зеро ки донист Камолиддин-Махдум аз вай ягон касро пурсидан мехоҳад ва, албатта, мулло Шароф дар даҳлез гӯш ба кимор нишаста гуфтушуниди онҳоро мефаҳмад, бинобар он аз бало ҳазар гуфта ба назди дарвоза рафт, ки аз он ҷо ба даҳлез овози гап намебаромад (Ҷ. И., Дуҳ. от., саҳ. 496).

Ҷумлаи пайрави сабаб ҳолати воқеъ гардидани амали сарҷумларо вобаста ба объект эзоҳ медиҳад.

Ҷумлаҳои пайрав, ки ҳолати воқеъ гардидани амали сарҷумларо эзоҳ медиҳанд, хусусияти дугонагӣ доранд. Онҳо, аз як тараф, сабаби дар чунин ҳолат воқеъ гардидани амали сарҷумларо нишон медиҳанд, аз тарафи дигар, хабари сарҷумларо пурра мекунанд.

Хусусияти дугонагии ҷумлаҳои пайрави типи мазкур вобаста ба хабарҳои сарҷумлаанд, ки онҳо хусусияти вобастакунӣ ва эзоҳталабӣ доранд. Агар дар таркиби сарҷумла эъзони пайрави пуркунандаи бевосита бо пешоянди аз омада бошад, ҷумлаи пайрав характери соф сабабӣ мегирад ва бо сарҷумла аксар бо пайвандакҳои хоси сабабӣ тобеъ мешавад. Мисолҳо: Аз рафтан ба Чилдухтарон хурсанд шудем, зеро дер боз дар орзуи сайру тамошои шаҳр будам (С. У., Субҳ. ҷав. мо, саҳ. 10). Кампир аз ин рафтори шавҳираш ҳайрон шуда монд, зеро ки бар хилофи чашмдошташ Муҳаммадҷон маслиҳати ӯро қабул карда рафт (Ҷ. И., Шодӣ, саҳ. 137). Ман аз ин ҳаракати ӯ ҳайрон шудам, зеро одамсе, ки дар рӯзҳои аввали ҷанг аз ғулгула ва таркиши тӯп тарсида, ба кунҷи таххона хазида буд, ҳоло якаю танҳо ба сӯи дуду оташ, ба сӯи арки амир, ки Кӯшмадраса ба ҳамон ҷиҳат буд, равона аст (Ҷ. И., Тори анкабут, саҳ. 40).

пешина
аз 109
навбатӣ