Зеҳн
Ҷумлаҳои мураккаб бо пайрави сабаб дар забони адабии ҳозираи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши ҷумлаҳои мураккаб бо пайрави сабаб дар забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст. Дар он хусусиятҳои грамматикӣ ва сохтории чунин ҷумлаҳо баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 109 саҳифа

Илм
Аз аввал хондан

Дар таркиби сарҷумлаи ин хел ҷумлаҳои мураккаби тобеъ асосан чунин калимаҳо истеъмол меёбанд: бояд, шояд, эҳтимол, зоҳиран, тахмин, магар, оё ва баъзе калима, ибора ва ҷумлаҳои туфайли: аз афти кор, ба гумони ман, ман гумон кардам...

Дараҷаи истеъмолии ин калимаю ибора ва ҷумлаҳо як хел нест. Серистеъмолтарини онҳо калимаҳои магар ва бояд мебошанд.

Мавқеи истеъмолии калимаҳои модалӣ асосан се хел аст: як гурӯҳи онҳо танҳо гумону шубҳаро ифода мекунанд ва дигар хел тобиш надоранд, гурӯҳи дуюм ҳамин маъноро ба таври муҳокима ифода мекунад ва гурӯҳи сеюм зарурияти фикрро талқин менамояд.

Ба гурӯҳи якум бояд, шояд, эҳтимол, тахмин, зоҳиран, барин ва калимаю ибора ва ҷумлаҳои туфайли, ба гурӯҳи дуюм магар, оё ва баъзан пурсишҷонишинҳо ва ба гурӯҳи сеюм бояд дохил мешавад:

а) ҷумлаи мураккаби тобеъ, ки пайрави сабаби он ба эҳтимолу гумони фикри сарҷумла далел шудааст:

— Тақдири ману тақдири ҳамин ҷавони навомада қариб ба ҳам наздик барин, зеро ки ҳамин мардаки инро гирифта овардагӣ шарики душмани ман мебошад (Ҷ. И.,. Тори анкабут, саҳ. 48). Вақте ки ба сари Мухтор собун мемолиданд, вай дод бардошт, аммо кам-кам ором ёфт ва дар охир бо хандаю бозӣ ба об шалап-шалап даст задан гирифт: аз афти кор, оббозӣ ба ӯ фоида буд (С. У., Субҳ. ҷав. мо., саҳ. 106).

Агар дар таркиби сарҷумла калимаҳои гӯё, гӯё ки омада бошанд, тобиши нобоварӣ танҳо ба ҷиҳати зоҳирии масъала далел шудани ҷумлаи пайрав нишон медиҳад ва ҷумлаи пайрав тобиши хилофӣ пайдо мекунад: Аммо миршаб ва одамони вай гӯё саҳнаи хандаовареро тамошо мекарданд, ки дар лабони онҳо табассум медавид (Ҷ. И., Дух. от., саҳ. 249).

б) ҷумлаи мураккаби тобеъ, ки пайрави сабаби он барои фикри тахминие, ки дар сарҷумла ба таври муҳокима гуфта шудааст, далел оварда мешавад:

(Арбоб Қамол) — Магар ту дар хонаатон набудӣ ва аз ҷои дигар меоӣ, ки нишони Одинаро аз ман мепурсӣ? (С. А., Кул., ҷ, 1, саҳ. 203). Оё имшаб хоб накардӣ, ки чашмонат суп-сурх шудаанд (Ҷ. И., Ман гунаҳгорам, саҳ. 71).

Магар шаб рафту омад субҳи умед,
Ки мебинам фурӯзон рӯи хуршед

(М. Т., Кул., ҷ. II, саҳ. 64).

пешина
аз 109
навбатӣ