Зеҳн
Диёри шоир

Китоб очерки мухтасари таърихию ҷуғрофии деҳаи Қаротоғ ва ноҳияи Турсунзода мебошад. Он ба зодгоҳи Шоири Халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 214 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

16 августи соли 1974 Носирҷон Маъсумӣ дар шаҳри Душанбе дар синни 60-солагиаш аз олам чашм пӯшид. Баъди вафоти олими барҷаста, педагог, шоир Н. Маъсумӣ ду ҷилди осори мунтахаби ӯ, қисми 1 соли 1977, қисми II соли 1980 чоп шуд. Ин мунтахаб бо пешгуфтори Президенти Академияи Улуми Тоҷикистон, аъзо-корреспонденти АУ ИҶШС Муҳаммад Осимӣ дар зери сарлавҳаи «Фарзанди бовафои халқ» оғоз ёфтааст.

Марги ногаҳонии Носирҷон Маъсумӣ дили ҳама ёру дӯстон, аҳли фазли маорифу маданияти халқи тоҷикро гаркоби ғаму андӯҳ гардонд. Дарду алами ин талафотро яке аз шогирдони Н. Маъсумӣ, шоири бостеъдод Лоиқ Шералӣ дар шеъри «Ғазале ба ёдбуди Носирҷон Маъсумӣ» хеле мӯъҷазу пурэҳсос ифода карда, сирати неки устоди маҳбуби худро ба қалам додааст:

Ту дил гум кардию аз кӯчаи дилдор бигзаштӣ,
Ту гул гум кардию аз гӯшаи гулзор бигзаштӣ.
Ду чашмонат ба роҳи ёр буд он шаб тамоми шаб,
Ба ёди рӯи субҳу соати дилдор бигзаштӣ.
Сухан-ногуфта, дил-накшода, ҷумла-нотамом, афсус,
Ба каф аз орзуҳо соғари саршор бигзаштӣ.
Ғазалхону сахитаъбу суханпарварду базморо
Зи базми зиндагӣ вирди забон ашғор бигзаштӣ.
Агарчи хоби маргат бурду субҳе чашм накшодӣ,
Ту аз дунёи хоболуди мо бедор бигзаштӣ.
Дилат абрешимӣ буду садоят низ абрешим

Баъд аз вафоти Носирҷон Маъсумӣ мактаби миёнаи рақами 12-и деҳаи Қаротоғ ба номи ӯ гузошта шуд. Дар мактаб хона-музеи ӯ амал мекунад. Яке аз толорҳои музеи Донишкадаи педагогии шаҳри Душанбе ба Носирҷон Маъсумӣ бахшида шудааст.

Дар рӯзҳои «Ҳафтаи ёдбуд» кишваршиносони мактаби миёнаи № 12 ба зиёрати марқади Н. Маъсумӣ ба шаҳри Душанбе мераванд.

Ҳамсари ӯ В. П. Осмакова ҳар сол як ду маротиба ба мактаб омада бо кишваршиносон ва мактабиён вохӯриҳо мегузаронад ва ба музеи онҳо расму аснодҳо ва дастхатҳои Н. Маъсумиро дастрас менамояд.

Соли 1988 нашриёти «Адиб» маҷмӯаи ашъори

пешина
аз 214
навбатӣ