Зеҳн
Диёри шоир

Китоб очерки мухтасари таърихию ҷуғрофии деҳаи Қаротоғ ва ноҳияи Турсунзода мебошад. Он ба зодгоҳи Шоири Халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 214 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Бувад қабри Муҳаммад Хоҷа Солеҳ,
Ба сатри домани авфи ту мастур.

Ҳамин тавр, мо аз мазмуни навиштаҳои боло хулосае мебарорем, ки ин катибаи сангӣ сандуқ ба яке аз соҳибилмони Самарқанд тааллуқ дорад. Мувофиқи ривоятҳо, Муҳаммад Хоҷа Солеҳ бародаре дошт, ки Муҳаммад Ризохӯҷа ба забон мегирифтанд ва ӯ дар деҳаи Даштноободи вилояти Сурхондарёи Узбекистон дафн карда шудааст. Яке аз ҳамшираҳои онҳо Бибидалқон ном дошт ва ӯро дар маҳаллаи имрӯзаи Чорбоғ ба хок супурданд. То солҳои сиюм гузари Чорбоғи имрӯзаро гузари Далқон ба забон мегирифтанд.

Аз рӯи бисёр ривоятҳои пирони деҳа, як қисми сокинони деҳаи Қаротоғ, аз деҳаи Даҳбеди Самарқанд муҳоҷир шудаанд. Дар бораи пайдоиши деҳаи Даҳбед, дар байни мардуми деҳа ривояти зерин ҷой дорад: «Даҳбед дар натиҷаи сафари Хоҷа Исломи Саҳии Бухорой ба Эрон пайдо шуда бошад». Мундариҷаи ривоят чунин аст: «Хоҷа Исломи Саҳии Бухорой бо яке аз муридҳояш сафари Эрон мекунад. Муриди Хоҷа Ислом шабона аз ӯ дур мемонад. Ҳамон шаб, хазинаи яке аз шоҳҳои Эронро дуздон талаву тороҷ мекунанд. Миршабҳо муриди Хоҷа Исломро дар назди хазинахона дошта, ӯро азобу шиканҷа медиҳанд ва ӯро ба дарахти беде, ки сершоҳу навда буд мебанданд. Хоҷа Ислом бо қувваи ҷозибаноке баъди хабар шуданаш бедро ҳамроҳи муридаш мекунад. Ва аз ҳамин бед даҳ дона қаламча гирифта, ба маҳалла оварда мешинонад, ки имрӯз номи Даҳбеди Самарқандро гирифтааст».

Сабаби гуногунии мафҳуми Қаротоғ дар он аст, ки дар дараи Қаротоғ ҳам турку барлосҳо ва ҳам тоҷикони эронзабон умр ба сар бурдаанд.

Мафҳуми деҳаи Қаротоғ ба мафҳуми маҳаллаи Қарияи болои ш. Душанбе шабеҳ аст.

То солҳои сиюми асри XX Қаротоғ аз 32 гузар ё маҳаллае иборат буд. Чунончӣ, маҳаллаи имрӯзаи Тошкӯргон аз 6 гузар: Тошкӯргон, Гаҳворасанг, Санги Кабуд, Шӯробдара, Баққолӣ ва Обдузд,

пешина
аз 214
навбатӣ