Зеҳн
Диёри шоир

Китоб очерки мухтасари таърихию ҷуғрофии деҳаи Қаротоғ ва ноҳияи Турсунзода мебошад. Он ба зодгоҳи Шоири Халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 214 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

он сутунҳо мавҷуданд. Дар қисми ҷанубии даромадгоҳи қалъа дари хурде ҳаст, ки он роҳ аз боғ ба маскани посбонон ва ба хобгоҳ мебурд. Деворҳои хонаи калон сафед карда шуда буд ва шифти он бо нақшу нигорҳои рангбаранг оро ёфтаанд. Он хона дар қабати аввал бошад ҳам аз деворҳои канори қисми ҷанубӣ баландтар, аз даруни он хона тамоми маҳалҳои ҳамсоя ва қишлоқ, махсусан сутунҳои ҳарамхонаҳо ва ҷои зиндагии хизматгорон менамуд». (14).

Расм аз рӯи матн «Қалъаи Қаротоғ».

Гуфтаҳои Г. Бонвалоро рельефи ҳозираи қалъаи вайроншудаи Қаротоғ исбот менамояд. Зерсутунҳои биноҳо, ки аз оҳаксанг тарошида ҳаккокӣ шудааст, имрӯз дар масҷидҳои деҳа мехобанд. Аз ин мавзеъ хиштҳои пухта, зарфҳои сафолини шикаста, сангҳои осиёби дастӣ, олотҳои мисӣ ва оҳанин дарёфт шудаанд. Ҳар ҷо-ҳар ҷо чӯбҳои пӯсидаи сутунҳо аёнанд. Қалъа майдони 5 гектарро ишғол кардааст. Дар самти шимолии он оромгоҳи калонтарини деҳа воқеъ аст. Қалъа дар охири асри XIX вайрон шуд ва баъди зилзилаи Қаротоғ бисёр қисматҳои он фурӯ рафт.

Дар бораи мавҷудияти қалъа ва вайрон шудани он Мирзо Бобо (1889—1984) ҳикоят кард: Дар ҳақиқат

пешина
аз 214
навбатӣ