Диёри шоир

Китоб очерки мухтасари таърихию ҷуғрофии деҳаи Қаротоғ ва ноҳияи Турсунзода мебошад. Он ба зодгоҳи Шоири Халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 214 саҳифа
чорво, барои боғ, закоти чакана, қаҳпулӣ, даллапулӣ, шикорпулӣ, чормағзпулӣ ва ғайраҳо талаб карда мешуд (19. саҳ. 442).
Ба деҳқони беҳуқуқ аз маҳсулоташ ба миқдори кам мерасид ва ӯ баъд аз якчанд моҳ беҳӯрок мемонд. Маҷбур мешуд, ки бо роҳи қарзгирӣ, мардикорӣ, чоряккорию панҷаккорӣ ҳаёт ба сар баранд.
Дар нимаи аввали асри XIX тамоми теппаю адирҳои шаҳри Қаратоғ, ки боғзору киштзор буданд, дар натиҷаи ҷангҳои дохилии аморати Бухоро ба заминҳои бекорхобида табдил ёфтанд. Соли 1889 капитани штаби генералӣ Стеткевич дар ин хусус навиштааст: «Ба қавли сокинони ин маҳалҳо, тақрибан 40 сол қабл аз ин водии Ширкент аз Дарбанд то Регар ва кӯҳистони Қаратоғ ҳама боғу чаманзор буд, аммо дар вақти ҷангҳои дохилӣ, ки бо тобеъ шудани Регар ба амири Бухоро анҷом ёфтанд, ба вайроназор мубаддал гардид ва дигар рӯи беҳбудиро нахоҳад дид... Фақат ба боғҳои атрофи бозор (Регар) даромада, дидем, ки ғайр аз харобазор чизе нест ва шаҳр як деҳачаи бозорист, деворҳои гилии нимвайрона масоҳати васеи чоргӯшаеро иҳота карда, даромадгоҳи он, ки аз дарвозаи бурҷнок аст, ба ботлоқ табдил ёфтааст».
ЗИЛЗИЛАИ ҚАРАТОҒ
21-уми октябр (8-уми октябр) соати ҳашти пагоҳӣ зилзилаи Қаратоғ, ки дар шохаҳои ҷанубии қаторкӯҳи Ҳисор ба вуҷуд омад, аз силсилаи зарбаҳои зеризаминӣ иборат буд ва аз зери замин ғулгулаи сахте шунида шуд. Ин зилзилаи сахти соли 1907, ки аз се зарба иборат буд, ки фосилаи байни онҳо 15 дақиқаро ташкил медод. Ларзиши 9—10 балла майдони 2000 километри мураббаро фаро гирифт. Дар ин нишебиҳои кӯҳ табақаҳои замин аз ҷинсҳои кӯҳӣ фурӯ рафт таркишҳо ба амал омаданд. Дар натиҷаи заминҷунбӣ 150 қишлоқ хароб гашт. Зарбаҳои 4-балларо дар масофаи 400—500 километр берун аз ҳудуди Тоҷикистон ҳис карданд. Осори заминҷунбии Қаратоғ то ба имрӯз боқӣ мондааст. Ҳангоми мушоҳидаи мавзеи зилзила ҳудуди ҷинсҳои кӯҳиеро, ки ба болои собиқ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё