Зеҳн
Диёри шоир

Китоб очерки мухтасари таърихию ҷуғрофии деҳаи Қаротоғ ва ноҳияи Турсунзода мебошад. Он ба зодгоҳи Шоири Халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 214 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

монда аз олам чашм пӯшиданд. Чун модару хоҳари ман, дар ин деҳа ҳазорҳо нафар буданд. Қаратоғ баъд аз заминҷунбӣ солҳо мотам гирифт. Ҳоло он ҷое, ки модарам, хоҳарам бо фарзанди серӯзааш зери хона монда буданд, чун шаҳидон девор карда шудааст. Ҳар боре, ки ин шаҳидонро бо чашм мебинам, модари ҷонам ва ҳамшираам ба хотирам меояду он рӯзҳои пурдаҳшат аз хаёлам мегузарад...»

Гуфтаҳои боло дар ҳақиқат дурустанд. Ҳангоми кандани ҷариҳои ду атрофи деҳа нишонаҳои деворҳои сангин, скелети одамон ва зарфҳои рӯзгорро борҳо мушоҳида кардаем. Ёфт шудани булӯрҳои сафолин, кӯзаҳо, чароғҳои лоин ва дигар олотҳои рӯзгор аз он дарак медиҳанд, ки кулбаҳои мардум зери хок мондаанд.

Соли 1907 аллакай дар маҷаллаи «Нива»-и Россия, рақами 46 дар бораи зилзилаи Қаратоғ мақолаҳо чоп шуданд. Геолог Короников худи ҳамон сол заминҷунбии Қаратоғро омӯхтааст. Соли 1908 олим Ф. К. Красильников ба Қаратоғ саёҳат карда, баъдтар дар китоби худ «Ҳалокати шаҳри Қаратоғ ва атрофи он» дар бораи ин заминҷунбӣ маълумотноки зиёде додааст.

Ҳангоми сахт вайрон шудани шаҳри Қаратоғ дастаҳои ҳарису ноодами беку бойҳову амалдорони Ҳисор ба ҷои мадад ба офатзадагон худашон чизу чораи ночизи мурдагону маҷрӯҳонро талаву тороҷ карданд.

Баъд аз зилзила тартиби хонасозии мардуми зиндамонда дигаргун гашт. Ду атрофи деҳаи Қаратоғ пур аз дарахтони арча буданд. Одамон роҳи ягонаи муҳофизати худро аз зилзила паноҳ ёфтанро дар сохтани иморатҳои синчкорӣ донистанд. Дарахтони арчаи ду атрофи деҳа дар давоми се чор соли охир тамоман бурида шуданд. Акнун пеш аз сохтани хона аввал дар дохили деворҳои он аз чӯбҳои сахту бақуввати арча, синч месохтанд. Болорҳои боло ва поёни деворро сӯрох карда синчҳоро дар он мустаҳкам менамуданд. Аз болои иморати синчкорӣ васаҳои бақуввати арчагиро мегузоштанд. Сонӣ, дохили синчҳоро бо хишт девор карда бо каҳгил андова менамуданд. То имрӯз даҳҳо масҷиду иморатҳо дар боло

пешина
аз 214
навбатӣ