Зеҳн
Диёри шоир

Китоб очерки мухтасари таърихию ҷуғрофии деҳаи Қаротоғ ва ноҳияи Турсунзода мебошад. Он ба зодгоҳи Шоири Халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 214 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

за ғайра кор мекарданд. Шароити меҳнати онҳо ниҳоят бад буд. Дағалии соҳибкорон, музди ночиз тоқати меҳнаткашонро тоқ кард. (9. саҳ. 213).

Овозаи шӯриши Восеъ ба Қаратоғ ҳам расид. Ин ишорае шуд барои шӯриши соли 1886, ки саросари Қаратоғро фаро гирифт. Шӯришро косибони муздури Солеҳ Одинабой сар карданд. Алоҷобофҳо ва абрбандҳо Абдуқодир Барот валади Раҳим, Бобозариф валади Тош аввалин шуда корро бас карданд. Онҳо ба яке аз одамони наздики Одинабой Тош валади Ниёз, ки аз болои кори косибон назорат мекард ва ӯро косибон «бобо» мегуфтанд, талабҳои худро дар бораи кам кардани рӯзи корӣ ва зиёд намудани музди меҳнат пешниҳод карданд, то ки бой хабардор шавад.

Вале бой талабҳои онҳоро рад кард. Он гоҳ тамоми косибон корро партофта, ба шикастани дастгоҳҳо сар карданд. Одинабой ба ҳарос афтод, ба назди Беки Ҳисор Остонақул-қӯшбегӣ, ки дар қалъаи Қаратоғ буд, одам фиристода воқеаро ба ӯ хабар дод ва як духтарро ба ӯ туҳфа кард. Хабари духтари яке аз камбағалонро туҳфа кардани Солеҳ Одинабой мардуми меҳнаткашро ба ғазаб овард. Дар андаке муддат зиёда аз ҳазор нафар косибону ҳунармандони шаҳр ба шӯришгарон ҳамроҳ шуданд.

Остонақул-қӯшбегӣ, ки нав ба вазифаи бекӣ таъин шуда буд, барои боварии халқро аз даст надодан қувваи ҳарбиро корбаст накард. Ӯ ба назди шӯришгарон Саидмингбошӣ ном амалдори ҳукуматро фиристод, то ки онҳоро «ором» кунад. Вале шӯришгарон талаб мекарданд, ки Солеҳ Одинабойро ба дасти онҳо диҳанд, то ки ӯро лахту пора созанд.

Саид-мингбошӣ ба Одинабой ва дигар соҳибкорони шаҳр маслиҳат дод, ки чорае ҷӯянд, то ки музди корро, ки 2 танга (30 тин) буд, ба 6 танга (90 тин) бардоранд.

Дигар соҳибкорон низ ба ӯ пайравӣ карданд. Ин ғалабаи калони меҳнаткашони Қаратоғ бар истисморгарон буд. Овозаи ғалабаи шӯришгарони Қаратоғ дар тамоми водии Ҳисор паҳн шуд. Мардуми Ҳисор аз он рӯҳбаланд шуда, моҳи июли соли 1886 андозу

пешина
аз 214
навбатӣ