Зеҳн
Диёри шоир

Китоб очерки мухтасари таърихию ҷуғрофии деҳаи Қаротоғ ва ноҳияи Турсунзода мебошад. Он ба зодгоҳи Шоири Халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 214 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

ва кӯзаи тар дар давоми 25—30 дақиқа сахт мешавад. Баъди сахтшавӣ ба кӯза даста мечаспанад. Кӯзаро дар лаганде мегузоранд ва тавассути товонча (олоти чӯбие, ки шакли кафгирро дораду дар рӯяш гул ё рахе ҳаккокӣ шудааст) ва гундак (олоте, ки аз лой ба шакли ғарғара сохта шудааст), ҳаҷми кӯзаро калон мекунанд. Гундак бо дасти чап дар дохили кӯза ва товонча дар дасти рост, аз берун кӯзаро васеъ мекунад. Баъди калон шудани ҳаҷми кӯза онро дар офтоб ё гармхона хушк мекунанд. Даҳони кӯзаи хушкшударо ранг мекунанд ва дар хумдон 4 соат мепазанд. Дар хумдон 2 соат пешалов (ҳезуми чӯб) месӯзанд, баъд аз он 4 соат бо қавуси шолӣ (пӯсти болои шолӣ) хумдонро метафсонанд. Баъди ин аз сӯрохии болои хумдон нигоҳ мекунанд, агар зарфҳо сурхи баланд ранг гирифта бошанд, кулод ҳис мекунад, ки зарф пухтааст. Баъди пухтани зарфҳо даҳони хумдонро лой мекунанд. Баъд аз як шабонарӯз хумдон хунук мешавад ва онро кушода зарфҳоро мегиранд.

Умари Хайём дар ситоиши кӯзагарон фармудааст:
Ин кӯзагарон, ки даст дар гил доранд,
Ақлу хираду ҳуш ба он бигморанд.
Мушту лагаду тапонча то чанд зананд,
Хоки падарон аст, чӣ мепиндоранд?
(16, саҳ. 560).

Барои тайёр кардани табак, лойро дар қолаби лойин андохта тавассути мола ва об дар рӯи чарх ба шакл медароранд. Онро баъди сахт шуданаш аз қолаб гирифта хушк мекунанд ва боз рӯи чарх гузошта бо қаҷкорд метарошанд. Табақи хушкшудаю тарошидаро облатта мекунанд. Баъди хушк шудани зарф онро тавассути маҳлули сафеде, ки аз хокаи сафеди ангиштсанг, дар натиҷаи кӯфтану аз дока гузаронидан ҳосил карда шудааст, ранг мекунанд. Боз зарфро хушк мекунанд. Зарф шакли сафедро мегирад. Баъд аз он ба рӯи табак ранге, ки аз хокаи қурғошим, ки дар таркибаш гили шишагӣ дорад, ранг мекунанд. Табакро чун кӯза дар хумдон мепазанд.

Кулолон табақ, коса, кӯзачаҳои хурдро дар рӯи чарх ба осонӣ ба шакл дароварда, аз қолабу товонча истифода намебаранд. Ҳамчунин, аспак, донқосаи

пешина
аз 214
навбатӣ