Диёри шоир

Китоб очерки мухтасари таърихию ҷуғрофии деҳаи Қаротоғ ва ноҳияи Турсунзода мебошад. Он ба зодгоҳи Шоири Халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 214 саҳифа
парма, қалами оҳанбурӣ, деги об ҷиҳозонида мешуд. Дар дараи Қаратоғ оҳангарӣ барвақт, дар асрҳои миёна инкишоф ёфта буд. Соли 1980 экспедитсияи якҷояи Донишкадаи Давлатии Тоҷикистон ва донишкадаҳои таърих ва геологияи АУ Тоҷикистон дар деҳаи Пашмикӯҳнаи шимолу ғарбии соҳили рости дарёи Қаратоғ тадқиқот гузаронданд. Аз деҳаи Пашмикӯҳна қариб 50 кураи маъдангудозӣ дарёфт шуд (6. саҳ. 560).
Аз ин ҷо бармеояд, ки дар асрҳои миёна Пашмикӯҳна яке аз мавзеъҳои маъдангудозии дараи Қаратоғ будааст. Онҳо дар ҳавзаи оҳани ин мавзеъ ба чунин касб машғул гаштаанд (18. саҳ. 91).
Оҳангарони қаротоғӣ оҳанро бештар аз ҳавзаи Пашмикӯҳна ва Темурдара ба воситаи хару асп меоварданд. Ангиштро бошад, аз ҳавзаи Тошқӯтани деҳаи ҳозираи Шӯрхок ва манқали сиёҳро дар натиҷаи сӯхтани чӯб аз деҳаҳои самти шимолӣ ба даст меоварданд. Ангишти Тошқӯтан сифати паст дошт ва кашондани он душвор буд, оҳангарон бештар аз манқал (сӯхтани кундаи чӯб, лаҳҷаи сиёҳ) истифода мекарданд.
Дар ибтидои асри XIX низ Қаратоғ яке аз мавзеъҳои маъдангудозии бекигарии Ҳисор ба шумори мерафт. «Аз Ҳисор оҳангарон дар фасли тобистон ба Қаратоғ неомаданд, зеро, ки ҳавзаи оҳан ба ин ҷо хеле наздик буд. Онҳо дар соҳили дарёи Қаратоғ муваққатан ба оҳангарӣ машғул мешуданд». (19. саҳ. 91).
Оҳангарон фулузро (оҳанро) дар кураи оҳангарӣ тавассути ангишт ва манқал сурх карда ба шакл медароварданд. Кура тавассути дами оҳангарӣ ҳаво дода мешуд. Дам асбоби чармиест, ки аз ду то 10 ҳуҷра дорад. Ҳангоми кашидани ресмони дам, ҳавои дар дохили чарм буда, ба кура фишор медиҳад. Ҳарорат дар дохили кура аз 1100 дараҷа баландтар аст ва дар ин бора С. Насафӣ хеле хуб гуфтааст:
Аз ин дам ки карданд оташгарон,
Дами гарм доранд оҳангарон.
(С. Насафӣ).

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё