Диёри шоир

Китоб очерки мухтасари таърихию ҷуғрофии деҳаи Қаротоғ ва ноҳияи Турсунзода мебошад. Он ба зодгоҳи Шоири Халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 214 саҳифа
чарм мехаридандӯ чорукгарон барои дӯхтани чорук. Чорук, пойафзоли сабук аз пӯсти каллаи барзагов, тайёр карда мешуд. Чармгарони деҳаи Қаротоғ барои тайёр кардани чарм аз олотҳои зерин истифода мебурданд: тарабҷӯб, чон, лифҷӯб, дос. Чармгар дар ибтидо пӯстро 2—3 рӯз дар ҷои махсуси оби дарё тар мекард ва онро гирифта дар чоҳҷаи хурде, ки дохилаш оҳакоб дошт, 2 рӯз мехобонд. Пӯстро аз оҳакоб гирифта боз як рӯз дар дохили об мегузошт. Баъд аз об онро гирифта намак мезад ва боз як шабонарӯз нигоҳ медошт. Намак кардани пӯстро ош додан меноманд. Пӯсти ош дода шударо дуд медиҳанд. Барои дуддиҳӣ дегдони махсус вуҷуд дошт ва як сӯрохӣ аз поён барои гирифтани хокистар ва як сӯрохӣ аз боло барои дудбаро. Дар дегдони дуддиҳӣ «қизилқиёқ» (хаси сурх) ном гиёҳи хушкшударо оташ мезананд. Пӯстро қариб ним соат бо даст қапида дар рӯи дудбаро дуд медиҳанд. Пӯстро ҳамвор карда, тавассути досча мӯйҳои онро метарошанд. Бо олоти чон (ба кафгир монанд буда, қисми пешаш тез аст) гӯштҳои пӯстро метарошанд. Баъд аз тоза кардани пӯст онро дар зарфи чӯбин меандозанд ва ба он пайвастҳои хромпӯк ва ишқори (ишқори натрий) ҳамроҳ мекунанд. Пӯст дар зарфи 2—3 рӯз меистад. Баъд аз ин амалиёт пӯстро дар об шуста ранг мекунанд. Рангкунии чарм дар дег тавассути ҷӯшонидани ранг бо об ба ҷо оварда мешавад. Дар дег 30—40 дақиқа пӯст меҷӯ- шад ва рангро ба худ меҷабад. Баъди аз дег баровардан онро чон мезананд, яъне онро ҳамвор мекунанд. Пайвасти хромпӯк барои як пӯст, бо ишқор ҳамагӣ 200—250 граммро ташкил медиҳад. Чарми ҳамворшударо равған мемоланд. Барои ҳар як пӯсти барзагов 300—500 грамм равғани рустанӣ лозим аст. Баъди равғанмолӣ, бо лифҷӯб чармро соиш медиҳанд ва чарм ба худ ҷило мегирад. Қисми рӯи чармро «рахт» ва ақиби онро «чарм» ном мебаранд.
Аз чарми тайёр маҳсӣ, кафш, мӯза, қанш, афзори асп ва чизҳои ҷармин тайёр карда мешавад. Харидорони асосии чарм мӯзадӯзу маҳсидӯз, кафшдӯзу сарроҷҳо буданд. Чармгарӣ шохаи дигари ҳунармандӣ дорад, ки онро дар деҳа кемухтгарӣ меноманд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё