Зеҳн
Диёри шоир

Китоб очерки мухтасари таърихию ҷуғрофии деҳаи Қаротоғ ва ноҳияи Турсунзода мебошад. Он ба зодгоҳи Шоири Халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 214 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

он тасма мебурранд. Баъди ин амалиёт онро дар гармӣ гузошта хушк мекунанд, мехҳои кӯфта ва тасмаро аз қолаб мегиранд. Пас, чарм сохти пойафзоли нимтайёрро мегирад. Тавассути чӯби пайкашӣ ҷои медӯхтагиро пай кашида, бо дарафшу ришта медӯзанд. Ва ба он аз чӯб пошна тарошида, дар рӯи кунда онро мечаспонанд. Дар рӯи пошна муми сиёҳ, ки онро аз Самарқанд меоварданд, мемолиданд ва пошна ҷило пайдо мекард. Агар муми сиёҳ ёфт намешуд, аз муми сафед истифода мебурданд. Муми сафедро аз қуттии орӯи асал ё аз хонаи занбӯр мегирифтанд.

Баъди пошнаро сайқал додан, бо ду сӯзан бо риштаҳои ранга бахиядӯзӣ мекунанд. Бахиядӯзӣ гуфта гулпартоии болои кафшро мегӯянд. Боз тавассути рахтчӯб дар болои кафш гул мекашанд.

Мувофиқи нақли писари Бобоалии кафшдӯз — Суннатуллои 64-сола дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ арзиши як кафш ба 1500 сӯм баробар буд. Ба ин миқдор пул ҳамагӣ 4—5 килограмм орд харидан мумкин буду бас. Баъди солҳои 60-ум арзиши он ба 7—10 сӯм расид.

Бисёр кафшдӯзони моҳир ба ғайр аз кафшдӯзӣ, боз ба яхдонсозӣ низ машғул мешуданд. Яхдонро аз чарми кемухтӣ тайёр мекунанд. Чарми кемухтиро рӯи сандуқ кашида медӯзанд. Аксар вақт рӯи чарми кемухтиро бо донаи арзан молиш медоданд ва он ҷилои хубе мегирифт.

Кафшдӯзҳо ба ғайр аз кафш мувофиқи талаботи бозор боз маҳсӣ, мӯза ҳам медӯхтанд. Барои андозаи кафшу маҳсӣ ва мӯза қолабҳои гуногунро истифода мебурданд. Чунончӣ, кафшдӯзҳои Қаратоғ андозаҳои қолаби бачагона, чорқад, панҷқад, шашқад ва ғайраҳоро доштанд.

Мардуми имрӯзаи деҳа кафшдӯзҳои шинохта, монандӣ Усто Бақо, Усто Қодир, Усто Табар, Усто Бобоалӣ, Усто Қудратулло, Усто Юсуф, ва Усто Қурбонро хуб медонанд.

Аз рост бигуфтамат сухан бовар кун,
К-аз чоруқи кӯҳна кафши нав хуштарак аст.
(Савдо)

пешина
аз 214
навбатӣ