Зеҳн
Диёри шоир

Китоб очерки мухтасари таърихию ҷуғрофии деҳаи Қаротоғ ва ноҳияи Турсунзода мебошад. Он ба зодгоҳи Шоири Халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 214 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

ва роҳи автомобилгарди Душанбе—Тирмиз мондааст. Бостоншиносон дар баъзе қисмҳои он ҳафриёти археологӣ гузарониданд. Шаҳринав қариб 350 гектар масоҳат дошта, то 7 км бо хишти хом мураббаъшакл девор шудааст. Девори самти шарқӣ, ки бо номи Қаротеппа маъруф аст, нисбатан мукамал боқӣ монда, қариб 70 бурҷ дорад. Девори самти шимолӣ 1 км, ҷанубӣ 1,2—1,3 км тӯл кашида, дорои 9 бурҷ аст. Дар ҳудуди димна якчанд теппа (Ҳонтӯла, Чимкӯрғон ва ғайра) ва харобаи биноҳои қадим боқӣ мондаанд. Аз ҳудуди Шаҳринав тангаҳои мансуб ба асри Евкратид, Вимаи Кадфиз, Канишка ва дигар ёдгориҳои меъморӣ, сафолпораҳо, ҳайкалчаҳои гилин ёфт шудаанд (48, саҳ. 120).

Дар замони ҳукмронии Қушониён, Қаротоғ яке аз шаҳрҳои тараққикардаи бомаданият шуморида мешуд. Шаҳри дар ду тарафи дарё мавҷудбударо кӯҳҳо иҳота карда гирифтаанд (14).

Дар мавзеи дарёҳои Ширкенту Қаротоғ дар деҳаи Пашмикӯҳна археологҳо соли 1980 қариб 50 кураи маъдангудозӣ ба даст оварданд, ки ба ибтидои асрҳои миёна тааллуқ дошт. Аз ин ҷо ба миқдори зиёд сафолот, олоти давраи неолит, боқимондаи ҳайвоноти хонагӣ ба даст оварда шуд. Аз мазоре, ки 200 м дуртар аз димна (қабр) воқеъ аст, қабрҳои давраи тоисломӣ ва мусулмонӣ ёфт шуданд. Аз қабрҳои тоисломӣ маснуоти фулузӣ (оҳанӣ) ёфт шуд (6, саҳ. 560).

Деҳаи Қаротоғу ноҳияи имрӯзаи Турсунзода, ки дар водии Ҳисор ҷойгир аст, дар давраҳои гуногуни таърихӣ аз мулкҳои давлатҳои Осиёи Миёна буд. Чунончӣ, давлатҳои Бохтар, Қӯшон, Таҳористон, Сосониён, Сомониён, Темуриён, Шайбониён ва монандӣ онҳо.

Яке аз ёдгориҳои таърихии ноҳияи Турсунзода мақбараи Хоҷа Наҳшрон буда, санъати меъмории мардумиро ҳикоят мекунад. Ин ба асри X—XI мансуб мебошад. Ин силсилаи меъморӣ аз ду мақбара иборат аст. Мақбараҳо аз ҳам ба масофаи 11 метр ҷойгир шудаанд. Мақбара аз таҳкурсӣ то шифт бо хишти пухта сохта шудааст. Даромадгоҳҳо дар равоқҳои чуқур ҷойгиранд ва бо пештоқҳои мӯхта-

пешина
аз 214
навбатӣ