Зеҳн
Диёри шоир

Китоб очерки мухтасари таърихию ҷуғрофии деҳаи Қаротоғ ва ноҳияи Турсунзода мебошад. Он ба зодгоҳи Шоири Халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 214 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

ҷанг «командири» дӯстдоштаи Темур-Қулӣ сахт ярадор шуд (вай баъди якчанд вақт ба даст афтида, бо ҳукми трибунали ҳарбӣ-инқилобӣ парронда шуд), яке аз сардорони босмачиёни лақай Ҷалмат қаровулбедӣ ва бисёр босмачиёни дигар ярадор шуданд.

Аз мудофиичиёни Қаротоғ Раҷаби милиционер ва яке аз ҳамширагони тиббӣ ярадор шуданд у халос. Бо отряде, ки аз Душанбе ба ёрдами Қаротоғ омада буд, командири полки савораи 2-ум (фамилияаш фаромӯш шудааст) сардорӣ мекард. Аз ҳикояи ӯ маълум шуд, ки Ниёз Холов дар роҳ ба дасти босмачиён меафтад. Онҳо ӯро бисёр азоб дода, барои чӣ ба Душанбе рафтанашро донистанӣ мешаванд, ҳатто куштаӣ ҳам мешаванд. Аммо вай иқрор нашуда мегӯяд, ки ба мазори Мавлоно барои зиёрат рафта истодааст. Баъд як гӯшашро бурида, биниашро ҳам буриданӣ мешаванд. Лекин бо вуҷуди ин ҳам Ниёз инкор мекунад. Ҳамин тавр аз дасти босмачиён халос хӯрда, хати Кумитаи инқилобии Қаротоғро ба Кумитаи инқилобии вилояти Душанбе мерасонад.

Вақте ки Ҳ. Мақсудов раиси кумитети инқилобии тумани Қаротоғ шуда кор мекард (солҳои 1924—25) Ниёз ба идораи кумитети инқилобӣ рафтуомад менамуд, онҳо ба ӯ ҳар гоҳ ёрии моддӣ мерасониданд. Вай ҳар дам ҳазлкунон мегуфт: «Ба ревком даъвои гӯш дорам. Дар хизмати хатбарии ревком аз як гӯш ҷудо шудам. То каллаи Темур гирифта нашавад, аз даъвоям намегузарам». Баъд аз он ки дар охирҳои соли 1924 дар Қаротоғ якумин отряди мусаллаҳи ихтиёрӣ ташкил намуданд, Ниёз ба идораи кумитети инқилобӣ, ба назди Ҳ. Мақсудов омада, хурсандӣ ва изҳори боварӣ мекард: — «Акнун,—мегуфт вай,—сари Темур ҳандалак барин мепаррад, акнун барои ман барин даъвогарон фарзандони худамон интиқом мегиранд, ки ин оташи дили маро хеле паст хоҳад кард...» (23. саҳ. 235).

ТАШКИЛ ЁФТАНИ ОТРЯДИ ИХТИЁРИ

Қаротоғ баъди обод шуданаш бист масҷид дошт, ки ба ҳар як масҷид якчанд маҳалла (гузар) итоат

пешина
аз 214
навбатӣ