Диёри шоир

Китоб очерки мухтасари таърихию ҷуғрофии деҳаи Қаротоғ ва ноҳияи Турсунзода мебошад. Он ба зодгоҳи Шоири Халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 214 саҳифа
Аз ҷазои риштарошӣ фақат Мирзои «ришҳӯр» ном шахсе наҷот ёфтааст, зеро вай ба касалии риш-канда хоидан гирифтор буд, бинобар ҳамин, барои тарошидан риши қазои ҳам надошт.
Чуноне ки яке аз шахсони ба дасти Темур афтодаги Мирзоумар Аминов ёдоварӣ мекунад, одамони дигари дар ин ҷо буда аз ин суханони далеронаи Саид Турсунов ҳатто ба ҳаяҷон омадаанд.
Саид Турсунов баъди бурида шудани гӯшаш дар ҳолате, ки аз ҷароҳати гӯши он хун фаввора мезад, Темур қурбоширо сахт дашном дода, мегӯяд: «...Мо бегуноҳонро ин қадар азоб додӣ, чанд нафарамонро кӯштӣ, хуни халқи бегуноҳро рехта истодай, дон, ки аҷалат наздик омадааст, акнун мебинӣ, ки бо ту чӣ ҳодиса рӯй хоҳад дод...».
Вақте ки Темур аз ин гапҳо ба хашм омада, ба буридани гӯши дигари ӯ фармон медиҳад, Саид мегӯяд: «... Як гӯшамро мон, ту барин ягон падарлаънати дигар ҳам будагист, ту ки ҳардуяшро мебуррӣ, ба он падарлаънат чӣ мемонад....» (23).
Темур аз суханони нешдори Турсунов чунон ба ҳаяҷон меояд, ки дар қиёфаи ӯ аломати ҳам изтироб, ҳам ваҳшоният, ҳам мағлубияти рӯҳӣ зоҳир мегардоду заҳрхандакунон бо ишораи даст ба ҷаллодонаш амр медиҳад, ки Саидро ба ҳолаш гузоранд. Темур хостааст, ки на фақат гӯш, балки бинии ин одамон низ бурида шавад, аммо Бӯридаҳбошӣ ном яке аз одамони мӯътабари ӯ (аз қишлоқи Қамбарӣ) илтимос кардааст, ки бо буридани гӯш маҳдуд гардад.
Буридани гӯш яке аз шиканҷаи замони гузашта бошад, тарошидани риш он вақт хусусан барои одамони диндор, таҳқири сахт ба шумор мерафт.
Темур эҳтимол мехост одамонеро, ки аз байни гурӯҳи асирон «ҳомиёни ислом»-ро сарзаниш ва дашном карда буданд, ёфта аввал онҳоро ба қатл расонад, аммо ба ин вай муяссар нагардид, зеро асирон ин касонро ошкор накарданд ва аз афти кор Темур хашми худро фурӯ нишонда натавонист, аз ҳамаи ин одамон ниқор гирифтанӣ шуд, вале дар наздикии роҳ аз тарси таъқиби аскарони сурх ҷуръат накард, ки ин манзараи пурдаҳшатро кашол диҳад. Бинобар ҳамин, баъди куштани 3 кас, буридани гӯш ва тарошидани

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё