Зеҳн
Диёри шоир

Китоб очерки мухтасари таърихию ҷуғрофии деҳаи Қаротоғ ва ноҳияи Турсунзода мебошад. Он ба зодгоҳи Шоири Халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 214 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

онҳоро бо кор ва машғулиятҳои хоҷагӣ таъмин кунад, ба зиндагӣ ва рафтори онҳо назорат намояд.

Ҷанговарони отряди Қаротоғ дар байни як моҳ бо ёрии Шарифов аз тайёрии ҳарбӣ гузаштанд. Онҳо барои аввалин задухӯрдҳо тайёрӣ медиданд. Ва дере нагузашта ин гуна задухӯрдҳо сар шудан гирифт.

Дар аввалҳои соли 1925 Ҳ. Мақсудов бо ҳайати ҳамин комиссияи муборизаи отряди ихтиёрӣ бо босмачиён ва боз як гурӯҳи савора, ки ба онҳо аз гарнизон дода шуда, буд, ба қишлоқҳои шимолии Қаротоғ бо мақсади гузаронидани ташвиқот дар байни аҳолӣ, таъқиб намудан ва таслим кунонидани босмачиён баромаданду дар қишлоқи Савургон аҳолии атрофро ҷамъ карда, маҷлис гузарониданд. Рӯзи дигар аз он ҷо баргашта ба қишлоқҳои дигари кӯҳӣ равон шуданд. Дар рӯ ба рӯи роҳи бозгашти онҳо аз он тарафи дарёи Патру тегае воқеъ аст, ки аз роҳи онҳо хеле баланд буда, дар болотари ин тега қишлоқи Қизил Алма ҷо гирифтааст. Дар ин қишлоқ Эшмурод манқа ном бои калон истиқомат мекард, ки сонитар органҳои Ҳокимияти Шӯроӣ ӯро ёрдамчии фаъоли босмачиён гуфта парронданд. Чунон ки баъд маълум шуд, ҳамин бой дар қишлоқи Савургон будани онҳоро ба Темур ва Абдулазиз қурбошӣ, ки он вақт дар кӯҳҳои Хонаоқ буданд, маълум кардааст.

Темур бо Абдулазиз, ки як дастаи калони муттаҳидшуда доштанд, ҳамон шаб ба Қизил Алма омадаасту барои он ки деҳқонони Қизил Алма ба Аскари Сурх хабар расонда натавонанд, ба ҳамаи роҳҳои баромад посбон мондааст. Баъд аз тамоми дарозии тегаи Қизил Алма, ки рӯ ба рӯи роҳи Савургонро аз Шарқ мегирад ва хеле баланд аст, шинакҳоро канонда, одамони яроқнокашро гузоштаасту мунтазири бозгашти Армияи Сурх шудааст, то ки дар ин роҳи борику танг ва хатарноки кӯҳӣ, ки пои як асп базӯр ҷо мегираду аз поён дар чуқурии ниҳоят зиёд дарё мегузарад, онҳоро бо отрядашон нобуд кунад.

Баробари ба ин ҷо расидани отряди онҳо якбора
паррон-паррон сар мешавад. Гурӯҳи ҳарбӣ бо пулемёт аз онҳо пештар рафта, аз ҳамгашти кӯҳ мегузарад ва пеш рафта, наметавонад, ва дастаи аскарон

пешина
аз 214
навбатӣ