Диёри шоир

Китоб очерки мухтасари таърихию ҷуғрофии деҳаи Қаротоғ ва ноҳияи Турсунзода мебошад. Он ба зодгоҳи Шоири Халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 214 саҳифа
ки ҷанговаронро беяроқ кунанд: ҷанговарон ба таклифи «таслим шавед», бо тирпарронӣ ҷавоб гардонданд.
Ҳамин тавр, мудофиаи қаҳрамононаи Душанбе сар шуд. Қариб даҳ ҳазор босмачӣ дар давоми якуним моҳ шаҳрро аз чор тараф печонда гирифтанд, вале онро ишғол карда натавонистанд. Фақат 14 феврал ба аскарони сурх фармон дода шуд, шаҳрро монда, ба пешвози қисмҳои худ бароянд.
Ман ҳеҷ гоҳ ин одамонро, ки ба муҳосираи дуру дароз тоб оварданд, аз хотир нахоҳам баровард. Аз Қаротоғ то худи Бойсун ман бо ҳамроҳии онҳо ақиб менишастам. Роҳ бисёр душвор буд. Бо босмачиён ҷангкунон ба Сариосиё, Юрчӣ, Деҳнав равон мешудем. Душанбегиҳо бағоят беҳол шуда, вале ноумед нашуда буданд. Аз ҳамон вақт эътиборан онҳо барои тан намунаи ибрат шуда буданд.
Соли 1924 маро ба дивизияи 11-уми савора гузарониданд. Командири полки 64-уми савора қазоқи ҷасури Дон Санчак, командири эскадрон Раҳмонов, командири эскадрони дуюми пулемётчиён Михаил Захаров, сардори шӯъбаи махсус Терентьев, роҳбари сиёсӣ Никитин, ҷанговари ихтиёрӣ Саид Умаров ва дигаронро аз хотир фаромӯш карда наметавонем, онҳо барои озодӣ ва бахти кишвари мо мубориза бурданд. Баъзеи онҳоро ман ҳамаман гум кардам, вале бо бисёрии онҳо то ҳол дустам. Ба қарибӣ, дар вақти дар Москва буданам, бо Никитин, ки ҳоло ҷонишини сардори агентии «Аэрофлот»-и пойтахт шуда кор мекард, вохӯрдам. Анатолий Алексеевич ба хотир овард, ки чӣ тавр мо соли 1924 дар ноҳияи Сариосиё дастаи Мавлонбек-қурбоширо нест карда будем.
Бойҳо он вақт боварӣ доштанд, ки барои босмачиёнро дастгирӣ кардани халқ дар байни деҳқонон ташвиқот бурдан кифоя асту бас. Онҳо аз ҳиссиёти миллӣ ва динии оммаҳо истифода кардани шуданд.
Вале заҳматкашони оддӣ ба зудӣ сарфаҳм рафтанд, ки босмачиён тартиботи кӯҳна — аз нав барқарор кардани ҳокимияти худро бо ҷазо нигоҳ доштанӣ ҳастанд. Бинобар ин, мубориза ба муқобили ғоратгарон, ба муборизаи умумихалқӣ табдил ёфт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё