Зеҳн
Дарёи нур

Китоби мазкур қиссаи таърихӣ буда, ба рӯҳи ҳазрати Эшони Алааспа бахшида шудааст. Асар ба таърихи мардуми тоҷик ва шахсиятҳои маъруфи он бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 176 саҳифа

ҚиссаТаърих
Аз аввал хондан

овард, дар ҷои дигар тока-тока ҷуссаҳои хурдакаки одамон, гову мол дар ҳаракатанд, аз мӯрии оташдонҳои қисман ҳавлиҳо дуд фағона мезанад. Мазмун, тайёрӣ ба пухтани нони гарм ва таъоми шомгоҳӣ меравад.

Чанд тан аз савору пиёдаҳо аз марзи ҷангали деҳаи Боғча намоён шуда, ҷониби хаймаи онҳо шитофтанд. Албатта ба зиёрат омада истодаанд, аз дил гузаронд Холмуҳаммад. Аз нав ба хаймаю дастурхони густурдаи модар нигаристу боз ба вусъати водии хурдаkak назар андохт. Ҷои машки парвози ҷӯҷаҳои уқобро мемонд ин мавзеъ.

  • Муродифи зодгоҳамон Каронак номи ин маконро Парронақ мемонем, - гуфт бо табассум Холмуҳаммад, рӯ ба шогирдон оварда, - мову шумо паррончакҳои нахустини ин парвозгоҳ хоҳем шуд.

Ном аз ҳама пеш ба модараш маъқул шуд. Бо кӯмаки муридон, мардуми ихлосманд то тирамоҳ се дар хонаи барҳаво, ошхонаву молхона бунёд гардид. Мушкилоти асосие, ки модарро пайваста таъзиқ медод, муҷаррадию фарзанди ягонааш буд. Чун бому дар тармиму таҷҳиз шуд, модар ба нею нестони фарзандаш нигоҳ накарда аз деҳи Боғча, духтари як марди худотарсро сунҳор хост. Ба Холмуҳаммад фаҳмонд, ки ту имоми масҷид шудани, хушу ёди ту бояд, ки ҷамъ, паи тарғиби илм, тарбияи шогирдон банд бошад. Мани пиракӣ низ мисли офтоби сари кӯҳ мондаам, мабодо дасти ачал гиребонамро бигирад, туро обод накарда бимирам, ормонамро ба гӯр мебарам, бачам, як фикр бикун, аз инсони солеҳу худотарс бояд насли поку хушсират бимонад.

Холмуҳаммад он айём ҷавони навҳату навришу миёнақади газгушт буд ва шогирдони зиёдеро дар ҳуҷрааш таълими илму амал медод. Аз райъи модар сар

пешина
аз 176
навбатӣ