Дарёи нур

Китоби мазкур қиссаи таърихӣ буда, ба рӯҳи ҳазрати Эшони Алааспа бахшида шудааст. Асар ба таърихи мардуми тоҷик ва шахсиятҳои маъруфи он бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 176 саҳифа
ГУРУСНАГИ
Он айёми сангину тоқатфарсо, ба қавле аспи
ачал дар кӯчаҳои шаҳру деҳ дар дав буд, дар
паси панҷараҳои маҳбас, миёни хоку лой, бую таф
дигар бузургон, авлиёву олимони мавзеи Кӯлоб ба
мисли Ҳоҷӣ Ёқуби Сичиёнӣ, домуллои Ҳавзако,
Махсуми Сиёҳлояк, Эшони Тӯти Гулак, домулло Холи
Сурхдара, Қозӣ Обиди Ховалингӣ, домулло Пираҳмади
Сариҳосорӣ ҷафо мекашиданд. Ҳоҷӣ Ёқуб ҳанӯз пеш аз
маҳбасшавиаш ба Ҳазрати Эшон нома фиристод, ки
дар давлат табадуллот ба амал омад ва даъват ба
фирори мулки ҳамсоя намуда буд. «Дар ин ҷойҳо
аҳволи мусалмонон бад мешавад, намояндаи дину
мазҳаби дигар, ҳатто гурӯҳи бединон ба тахту тоҷ
расиданд. Алҳазар, аз ҳокимияти бехудоён! Биё,
меравем ба он сӯи соҳил, макони адлу инсоф, дину
диёнат. То дар ин ҷо ба чашми сарамон сӯхтани
мактабу мадраса, китобу дафтар, бесатршавии занхову
духтарҳоямонро набинем». Аммо бобои Эшон ҷавоб
дод, ки ҳанӯз фарзандони ӯ хурдакаканд, ҷони хешро
раҳонида, онҳоро дар дами бало партофта наметавонад. Сониян, тақдири ӯ тамоман дигархела аст. Дертар
тибқи каромот Ҳоҷӣ Ёқубу домулло Ҳикматулло аз
ҳабс раҳиданду ба хориҷи кишвар ҷилои Ватан
карданд. Домуллои Ҳавзако, Эшони Тӯти Гулак,
Эшони Сайидамир ва домулло Усмони Чукуракиро ба
қатл расониданд. Бародарон, фарзандони Эшони
Алааспаро низ таъқибу озор медоданд. Писарандараш
Орзуро чанд рӯз пеш ба маҳбас кашиданд. Гуноҳаш он
ки, ба замми писари Эшон буданаш аз авлоди Алқотун

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё