Зеҳн
Дарёи нур

Китоби мазкур қиссаи таърихӣ буда, ба рӯҳи ҳазрати Эшони Алааспа бахшида шудааст. Асар ба таърихи мардуми тоҷик ва шахсиятҳои маъруфи он бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 176 саҳифа

ҚиссаТаърих
Аз аввал хондан

Чун каромоти Эшони Алааспӣ ба хости Худои таъоло чанд бор такрор шуд, аз баҳри озораш гузаштанд ва ба маҳбасхонаҳои мулки қазоқ равонаш карданд.

  • Падарам ҳар саҳар аз Каримбердӣ ба маҳбасхонаи Кӯлоб нону хӯрок мебурд. Як рӯз, вақте ки ба он ҷо расидааст, обу хӯрокашро нагирифтаанду гуфтаанд:

  • Бобой рафт, бобои Эшона ба Сибир бурданд ё ба Қазокистон, дигар хӯрок даркор нест, - мегӯяд писари бобои Назар – бародари Эшон, сокини ноҳияи Фархор - Абдувалӣ.

Агар аз осмон афтам, умеди зистан дорам,
Зи тоқи абрӯят афтам, зи ҷоям барнамехезам.

ДАР РОҲ

Чӣ хеле пешакӣ зикр кардем, ҳокимони навбаромад, равшанфикрону зиёиён, ҳунармандону косибон, хулоса он касеро, ки дасти чапу росташро фарқ мекард, қатл менамуданду авлодашро бадном. То ин ки мардуми авом, бесаводу камҳираду сустхуш боқӣ монад ва ҳалос ва то гумраҳону ҷоҳилон бимонанд, худшиносиву худогоҳӣ кам бишавад. То ҳоҷагони навбаромад ба осонӣ онҳоро тобеъ бисозанд ва бигӯянд, саросар бесавод будед, ҳеҷ будед, мо омадему ақл гирифтед, ҳар кас шудед. Сагираҳои аз мардуми маҳвшудаву фироркарда ятиму бепаноҳ мондаро ба макони хосаи таълими шӯравӣ, таълими худобезорӣ кашиданд. Онҳоро дар рӯҳи бадбинии дину мазҳаб, оини неки ниёгони барӯманд тарбия дода, атеистони ҷавон ба воя расониданду хешро давлати

пешина
аз 176
навбатӣ