Зеҳн
Дарёи нур

Китоби мазкур қиссаи таърихӣ буда, ба рӯҳи ҳазрати Эшони Алааспа бахшида шудааст. Асар ба таърихи мардуми тоҷик ва шахсиятҳои маъруфи он бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 176 саҳифа

ҚиссаТаърих
Аз аввал хондан

рафтааст. Чаро ҳар каси бо «Бисмиллоҳир-раҳмонир-раҳим» кор оғоз мекардагиро таъқиб месозанд? Чаро? Чаро? Чаро? Ҷавоб нест. Онҳо аз асли хеш маҳрум гаштанд — онҳоро аз асолаташон иҷборан бегона сохтанд!

Ҳазрати Эшони Алааспа, ки яке аз маърифатпарварони маъруфи охири асри XIX ва ибтидои асри XX буд, бо ҳамин ҷурми бузург ба маҳбас афтод. Медонистанд, ки рӯзе ӯву шогирдонаш ин суолҳоро хоҳанд дод ва ҷавоби қаноатбахше хоҳанд ҷуст! Ба ҳамин монанд андешаҳо хотири Ҳазрат дар таҳхонаҳои заҳу бадбӯи маҳбасхона озурда мегашт. Медонист, ки на дузӣ кардааст, на ғорат, на ғасбу на қатл. Сабр мекард, заҳри фироқи ёру дӯст, диёрро мечашид. Ба ғаму андӯҳи гарони бо ризои Худованд падидомада шукрона мекард. Ӯро лату кӯб карданд, латкунандахоро Худо зад, ӯро борҳо ба лаби хандакҳо бурда парронданӣ шуданд, камонҳо дар нагирифт. Ва инак, ӯро пешопеши камонҳо ҳамроҳи дигар маҳбусони сиёсӣ ба роҳ дароварданд. Эътибори баланд дошт миёни мардум. Қумондонҳо ба хотири ҳамин эҳтирому сипос, ба хотири тасаллияти виҷдону имони хеш Ҳазратрову ба асп савор карданду дигаронро пиёда пешопеш андохта, бо роҳи таҳи Камари Кафтархона ба сӯи Душанбе роҳ пеш гирифтанд.

Ҳарчанд ин сафар махфӣ суръат гирифта бошад ҳам, муридону мухлисонаш огоҳӣ ёфта, сари роҳи ӯ баромада хайрамақдамаш мегуфтанд. Ба пешвозаш обу таъом мебароварданд. Дар деҳаи Кадучӣ полизбон, ки Мулло ном дошту сӯфии иродаткардаи Эшон буд, чанд рӯз пеш баҳтарин ҳосилоти бо ранҷ парвардаашро ба хотири ташрифи устодаш бобои Эшон ҷамъ оварда буд.

пешина
аз 176
навбатӣ