Зеҳн
Дарёи нур

Китоби мазкур қиссаи таърихӣ буда, ба рӯҳи ҳазрати Эшони Алааспа бахшида шудааст. Асар ба таърихи мардуми тоҷик ва шахсиятҳои маъруфи он бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 176 саҳифа

ҚиссаТаърих
Аз аввал хондан

минбаъд ҳосил медиҳад, аз он ҳосил то ҳадди имкон истеъмол менамояд. Ҳазрат воситае ёфта, аҳволи сангину ҷонгудози хешро ба муридонаш, хешу табораш тавассути мактуб маълум мекунад. Чун хати Эшони Алааспа расид, бародаронаш Мулло Ҳидир, Исмоил, Назар, Собир бетоқат шуданд. Аз ҳама беш муриди бухороиаш Мулло Нуралӣ ба ҳаяҷон омад. Зиндаву солим будани устодаш ӯро, аз як тараф, шод гардонда бошад, аз тарафи дигар, азобу машаққати тоқатфарсои маҳбусии Ҳазрат дили ӯро реш-реш сохт.

Қавм савғоӣ ҷамъ намуда, ба дасти Нуралӣ доданд. Нуралӣ азоби роҳро кашида, кофта-кофта ба назди устодаш мерасад. Пиру мурид дар саҳрои беқанораи чӯли Қазоқ, ҷое ки зимистонаш хеле қаҳратун, тобистонаш аз ҳад тамуз буд, вохӯрданд. Нуралӣ ҳамроҳи устодаш 5-6 моҳ хизмат карду баргашт.

Маҳбасхонаи шаҳри Қарағанда калонтарин ва сахттарин лагерҳои ислоҳоти-меҳнатии замони шӯравӣ ба шумор мерафт. Ин ҷо аслан маҳбусони сиёсӣ нигоҳдорӣ мешуданд. Даври биноҳои зиёд, ки шаҳракро мемонд, девори баланд гирифта шудааст, боз якта не, се қабат, болои деворҳо симтурҳои барқию марговар печ дар печ аст. Болои майдон кушода, рӯи даҳлезу роҳравҳо бошад, панҷараи бақувват кашида шудааст. Маҳбусон аз баландии манора - дидбонии сарбозон хурду хеле ҳақир метофтанд. Онҳоро бо овози зангула чун молу гов аз ҳуҷраҳо бароварда, ба кор ё ба таъомхӯрӣ мебурданд. Бояд гуфт, ки камераҳои ин лагери марг аслан барои як одам пешбинӣ шуда бошад ҳам, баъзан дар ҳамин ҷои тангу тори бадбӯй 5 - 10 нафарро ҷой мекарданд.

Азобу ранҷи маҳбусон сангине буд. Аз сармои қаҳратун, аз амрози гузаранда, аз гуруснагию ғам ҳар

пешина
аз 176
навбатӣ