Зеҳн
Дарёи нур

Китоби мазкур қиссаи таърихӣ буда, ба рӯҳи ҳазрати Эшони Алааспа бахшида шудааст. Асар ба таърихи мардуми тоҷик ва шахсиятҳои маъруфи он бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 176 саҳифа

ҚиссаТаърих
Аз аввал хондан

Аз тарси террор, сӯиқасди он айём қисме аз оилаҳои аз Шӯроободу Даштиҷум рафта то солҳои наздик дар ҳамин диёр дар ғурбат мезистанд.

Дар Ховалинг бархе аз сардамдорони вақт ба мо рӯи хуш намедоданд. Ҷаҳд менамуданд, ки аҳли оила, авлоди Халифа Сайидро дар мушкилоти доимии рӯзгор, мӯҳточӣ нигоҳ доранд. Ба ин нияти зишт ба бобои Орзу ва фарзандону наздиконаш ҷои кор намедоданд, таънаву маломати зиёд мекарданд. Ягона фарзанди Қосим Абдушаҳидро, ки сармуҳосиби кордону боинсофу соҳибэҳтироми ноҳия буд, аз вазифа сабукдӯш сохтанд.

Зани Қосим-туқсабо Шамъигул аллакай кампир шуда буд ва бо иҷозаи ӯ Орзу соли 1956 ба Марворӣ ном духтар хонадор мешавад. Аз ин занак фарзандонаш Зумратбӣ, Гавҳарбӣ, Сарварбӣ, Убайдулло, Раҳматулло, Ҳикматулло ба дунё меоянд, ки ҳоло дар қайди ҳаётанд.

Орзу шахси меҳнатқарин, ҳалиму хоксор буд. Ӯ, ки тарбияи Эшони Алааспаро гирифта буд, дар мӯҳлати хеле кам миёни аҳли колхоз барӯманду соҳибифтихор мегардад. Оре, чун пирзода ва марди поктинат бобои Орзу гули сари сабади маҳалу колхоз ба шумор мерафт. Бадхоҳони миллат, дилсиёҳон боз аз паи озори Орзу афтоданд, дафъаи сеюм ӯро ба зиндон кашиданӣ шуданд. Ҳамаи ҳуҷҷатҳои қалбакиву сохта, зарурӣ, шоҳидони зархарид омода гаштанд. Фосиқон аллакай ба дилашон таблак мезаданд, ки боз хирадмандеро ба нестӣ расонда, мардумро дар зулмот ва бедиёнатӣ нигоҳ медоранд. Аммо тибқи фармони Ҳукумати Тоҷикистон ноҳияи Ховалинг чун ҳудуди ҷуғрофӣ барҳам хӯрд ва сохтори роҳбарикунандаи он пароканда гашту ба ҳабсгирии Орзу аз хотирҳо фаромӯш. Орзу бо

пешина
аз 176
навбатӣ