Дарёи нур

Китоби мазкур қиссаи таърихӣ буда, ба рӯҳи ҳазрати Эшони Алааспа бахшида шудааст. Асар ба таърихи мардуми тоҷик ва шахсиятҳои маъруфи он бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 176 саҳифа
ҳавои деҳа, аз тарафи фарзанди банангу номус, худотарсу саховатпешааш Хайрулло Маҷидов сохта шудааст. Муридону мухлисони зиёде ҳар рӯз ин ҷои муқаддасро зиёрат менамоянд, беморому корафтодагони бешуморе ба ин макони шариф омада, зиёрат намуда, шафоат металабанд, шифо меёбанду мушкилоту муҳимоташон ҳаллу фасл мегардад.
МАХДУМИ НУРУЛЛО
Фарзандони накӯноми Махсуми Абдулмаҷид дар қайди ҳаётанд, яке аз онҳо Махдуми Нурулло мебошад ва чӣ хеле зикраш дар боло рафт, ӯ яке аз аҳли рӯҳоният, шахси шинохтаи тобеоти Кӯлоб ба шумор меравад. Шогирду номбардори кори неку номи некӯи падару бобои бузургвораш ва устодаш Шайх домулло Мӯҳтоҷи алайҳирраҳма аст. Махдуми Нурулло тибқи шаҳодати шоҳидон, нону намакхӯрҳои оилаи онҳо ҳам аз ҷиҳати хушовозӣ, ҳам аз ҷиҳати хупҳезӣ ва рафтору намуди зоҳирӣ нусхаи падараш Махсуми Абдулмаҷид мебошад. Ӯ пас аз фавти падар бо раҳнамоиву мадади тагоиҳояш Мулло Мӯсо ва Мулло Бурҳону Муҳиддин, ки котиби хоҷагӣ буд, ба деҳаи Кадучии ноҳияи Восеъ кӯчида омад. Дар ин деҳа дар андак вақт дурахши ақлу фарасат, хиради набераҳои Эшони Алааспа ҳувайдо гашт. Махдуми Нуруллои ҷавонро, ки саводи хуб дошт, сипос мегузоштанд, эҳтиром менамуданд. Фарзандони бисёре аз сокинони деҳа дар ҳуҷраи ӯ сабақи ислом мегирифтанд. Мавриди зикр аст, ки деҳи мазкур зиёда аз 9 ҳазор аҳолӣ дораду яке аз мавзеъҳои сернуфусу бофарҳанги вилояти Хатлон аст. Махдуми Нурулло

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё