Зеҳн
Дарёи нур

Китоби мазкур қиссаи таърихӣ буда, ба рӯҳи ҳазрати Эшони Алааспа бахшида шудааст. Асар ба таърихи мардуми тоҷик ва шахсиятҳои маъруфи он бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 176 саҳифа

ҚиссаТаърих
Аз аввал хондан

оилаи ӯ ба ҳисоб мерафт. Калиди молу мавод ва китобҳояш дар дасти Назар буд. Соли 1933, вақте ки Эшонро ба ҳабс мегиранд, Назар ҳар рӯз ба маҳбасхона обу ғизо мекашонд. Баъд Назар кӯчида боз ба Ховалинг меояд. Писаронаш Масеҳо (соли таваллудаш 1924) ва Абдувалиро ба худ ҳамроҳ мебарад. Акнун онҳо рӯзу шаб аз чашми мардум мегурехтанд. Рӯзе раиси Гиёҳ зани Назарро фарёд карда гуфт, ки бегоҳӣ ба хонааш биёяд, маслиҳат кардан даркор. Чун кампир ҳозир шуд, раис таъкид кард:

  • Ҳар рӯз дар НКВД маро фишору азоб медиҳанд, ки ё Назарро меёбӣ ё худата дар ҷояш мешинонем. Хубаш ҳамин шаб бигурезед, дигар илоҷ нест, хоҳ-нохоҳ шавҳаратро ҳабс мекунанд, охир ӯ додари Эшони Алааспа аст, дигар аз ман гила накунед.

Шабона тибқи маслиҳати раис онҳо баромада ба хонаи амакашон бобои Собир ба Балҷувон расиданд. Ин ҷо онҳоро намешинохтанд. Аз Ховалинг ба номи раиси колхози ҳамин ҷо мактуб омад. Тибқи он бояд Назарро дастгир карда мефиристонданд. Аммо раиси колхоз, ки ӯ ҳам Назар ном дошт ва аз муллогии ҳамномаш бедарак буд, ҷавоб гардонд, ки дар хоҷагии ӯ ин хел мулло вуҷуд надорад. Баъди чанде касе фаҳмондааст, ки Назар-тоҷик (ӯро ҳамин тавр ном мебурданд) кам-кам аз дуову дуруд огоҳ асту маҳорати табибӣ дорад. Раис ӯро барои табобат ба ҳавлии худ таклиф кард.

  • Чаро барвақт худро ошкор насохтӣ, нафаҳмондӣ, хору зорат кардем. Аз пагоҳ дигар ба кори саҳро набаро, бо раис маслиҳат менамоям, ягон шуғли сабуктарат меёбем, фаҳмидӣ? - гуфт Гиёҳ, - Иншоаллоҳ, ризку рӯзита таъмин мекунем.
пешина
аз 176
навбатӣ