Дарёи нур

Китоби мазкур қиссаи таърихӣ буда, ба рӯҳи ҳазрати Эшони Алааспа бахшида шудааст. Асар ба таърихи мардуми тоҷик ва шахсиятҳои маъруфи он бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 176 саҳифа
олимону фузалои мавзеи Сарихосору Ховалинг, Балҷувону Мӯъминобод ва Ёвону Ромит ба мисли Сайид Нуриддини Киштӣ аз деҳаи Даҳанаи ноҳияи Ёвон, Эшони Аҳлиддинхӯҷа аз Сангтӯда, Эшони Шоҳ Гардалӣ аз ноҳияи Ғозималик, Эшони Ҳоҷӣ Ёқуб аз деҳаи Сичиёни Сарихосор, Эшони Гул аз деҳаи Тутӣ Гулаки Ховалинг, Шоҳ Неъматуллоҳ, Сайид Шоҳбакои Туморӣ, Сайид Мирзо Юсуфи Норакӣ, Эшони Сайид Маҳмудхоҷа, Эшони Сайид Мирзокалон аз Балҷувон, Эшони Сайид Низомиддин (бо номи Эшони Саллакалон машҳур аст), Эшони Сайид Аҳмадхӯҷаи Ретанӣ аз деҳаи Ретани мавзеи Пушинги Данғара гузаштагони барӯманди ин шаҷараи покнажод ба ҳисоб мераванд.
Яке аз бузургтарин намояндаи ин шаҷара Сайид Муҳаммадхӯҷа Ретанист, ки 12 фарзанд дошт. Ӯ шоир, файласуф, олими варзидаи тасаввуф ба ҳисоб мерафт. Сайид Шаҳобиддин, ки минбаъд бо номи Эшони Сорбонхӯҷа машҳур мегардад, яке аз писарони ҳамин марди шариф аст.
Эшони Алааспа ё ки Халифа Сайиди кӯлобӣ аз ҷиҳати модариашон ба қавми олими бузург Эшони Гул мансуб аст. Ин Ҳазрат халифаи бобояшон – Муҳаммадхӯҷа буд. Эшони Гул аз ҷиҳати итоаткорӣ, омӯзиш, покмазҳабӣ, парҳезкорӣ ба дараҷаи шайхӣ расида буданд ва бахосияту соҳибкаромат буданд. Шоҳидон накл мекунанд, ки рӯзе таёки тӯтиашро ба дашти беобе мезанад, бо хости Худованд чӯби хушк барг мебарораду

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё