Дарёи нур

Китоби мазкур қиссаи таърихӣ буда, ба рӯҳи ҳазрати Эшони Алааспа бахшида шудааст. Асар ба таърихи мардуми тоҷик ва шахсиятҳои маъруфи он бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 176 саҳифа
фарзандонаш буданд, оқибат тоқат накард, дар деҳаи Ҷумъабулоқ мактаби махфӣ ташкил кард, кӯдакони миллати хешро аз дурдонаҳои адабиёти мозӣ ва илоҳӣ огоҳӣ медод. Аз байни 6-7 моҳ нагузашта хабараш ба намояндагони Идораи ЧК расид. Ӯро ҳамоно ба маҳкама кашиданд. Замонҳо кам-кам дигар шуда буданду ҳар дастгиршударо таҳлилу тафтиш менамуданд. Аз ин лиҳоз баъди чанде ӯро аз маҳбас озод намуданд ва дастхат дод, ки минбаъд ба касе аз боби дини ислом ҳарфе нахоҳад гуфт, намозу рӯзаашро махфӣ нигоҳ хоҳад дошт. Баъд бародаронаш Бурҳон ва Амиршо ва амакаш Махсуми Одил боз кӯч бастанд, ҳар кадоме ба ҳар куҷо овораву саргардон. Мулло Қурбоналиву фарзандонаш ба Каримбердии Мобайн омаданд. Мулло Қурбоналӣ, ки умраш ба ҷое расида буд, акнун писараш Ҳабибуллоро хонадор кардаву духтараш Олиямоҳро ба шавҳар дода буд. Писари дуюми Мулло Қурбоналӣ Бӯрихон соли 1963 ба дунё омадааст. Ӯ аз соли 1994 ин ҷониб корманди масъули Вазорати хоҷагии оби Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Набераҳояш Аҳмадхон, Шарифхон пайваста паҳлӯи бобои нексиришт, хушгуфторашон менишастанд, бозӣ мекарданд, китоб мехонданд. Бобо зеҳни тезу одоби хуби онҳоро дида, ба ваҷд меомад. Кам-кам дар танҳои хурдтараконро аз пандҳои пайғамбар, фароизи ислом, аҳкоми шариат огоҳ менамуд.
Оре, вақте ки Мулло Қурбоналӣ ва писаронаш ба Каримбердӣ омада буданд, аллакай ахтари самои маърифати ин мулки худодод Эшони Алааспаро бадарга

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё